Толибон пеши роҳи тиҷорати домоди Э.Раҳмонро гирифтанд?

Баъд аз 10 сол аввалин маҳмулаи фаровардаҳои нафтии тоҷирони афғон аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон расиданд. Дар ин бора

Акс аз “Tolonews”

Ба иттилои расонаҳо, ин маҳмулаҳои нафтӣ дар Қазоқистон боргирӣ шуда, 59 тоннаву 910 литрро ташкил медиҳанд ва аз Шерхонбандар, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рӯзи душанбе вориди шаҳри Қундузи Афғонистон шуданд. Аз роҳи Тоҷикистон расман ворид кардани маҳсулоти нафтӣ 10 сол боз иҷозат дода намешуд.

Тоҷирони афғон гуфтаанд, ворид шудани фаровардаҳои нафтӣ аз роҳи Тоҷикистон ба Афғонистон арзиши ин маҳсулоти заруриро дар ин кишвар арзонтар хоҳад кард.

Аммо огоҳони умур мегӯянд, дар давоми ин 10 сол ширкати “Фароз”-и мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти нафтиро бо роҳҳои қочоқ аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон мерасонид. Аммо бо омадани Толибон ва фирори ҳамшарикони “Фароз” аз Афғонистон пеши роҳи ин тиҷорати қочоқӣ гирифта шуд. Ва ин маҳмулаҳои расида аввалин маҳмулаҳои фарвардаҳои нафтие маҳсуб мешаванд, ки бо роҳҳои расмӣ аз роҳи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя ворид мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.