13.9 C
Dushanbe

Лаббайки Толибон ба дархости кумаки як бонуи хабарнигори аврупоӣ

Як бонуи хабарнигори аврупоӣ, ки дар гузашта барои Алҷазираи Қатар кор мекард, бо сабаби ташдиди қонунҳои зиддикуруноӣ натавонистааст, ки пас аз ҳомила шудан ба кишвараш Нюзланд ва кишвари шарики зиндагиаш Белгия роҳ ёбад, ба ин хотир аз Толибон дархости кумак кардааст.

Хонум Шарлотта Билис, ки дар гузашта барои шабакаи Алҷазира дар Қатар кор мекард ва бештар вазъияти Афғонистон ва ахбори марбут ба Толибонро пайгирӣ мекард, бори ахир пас аз ворид шуданаш ба Қатар аз ҳомила буданаш огоҳ шудааст.

Қонунгузории Қатар ҳамчун як кишвари исломӣ бордор шудани зани бешаваҳарро ғайршаръӣ медонанд ва ба ин хотир хонум Билис ҳомила будани худашро дар Қатар аз чашми мақомот пинҳон кардааст.

Вай ба расонаҳо гуфтааст, ки ба мақомоти Нюзланд 30 санад фиристодааст, то ӯро барои таваллуд кардан роҳ диҳанд, вале ҷавоби рад гирифтааст. Инчунин вақте ҳам ба кишвари шарики зиндагиаш Белгия рафтааст, барои надоштани иқомат натавонистааст, ки он ҷо бимонанд, ба ин хотир аз раҳбарони аршади Толибон дархости кумак кардааст.

Ба гуфтаи ин хабарнигор Толибон дар посух ба ӯ гуфтаанд, ки метавонад ба Кобул сафар карда, фарзанди худро дар Афғонистон ба дунё биорад. Аз нигоҳи қонунӣ ҳеч мушкиле дар Афғонистон домангири ӯ нахоҳад шуд.

Гуфтанист, ки расонаӣ шудани ин хабар дар бахши афғонистонии шабакаҳои иҷтимоӣ хеле вокунишҳоеро ба ҳамроҳ доштааст. Гурӯҳе гуфтаанд, ки ин як навъ таблиғи Толибон аст ва гурӯҳе қайд кардаанд, ки меъёрҳои Толибон дар нисбати арҷгузорӣ ба ҳуқуқи занон афғонистонӣ ва аврупоӣ фарқ мекунад.

Инчунин гурӯҳе низ таъкид мекунанд, ки дар низоми исломии Толибон ҳар мусалмоне, ки бо ҷурми зинокорӣ маҳкум шавад, шаллоқ зада мешавад ё мавриди сангсор қарор мегирад, аммо дар нисбати ин зани ғайримусалмон меъёри онҳо фарқ мекунад, ва Толибон мехоҳанд аз ин тариқ холи сиёсӣ низ ба даст оранд ва чеҳраи худро сафед нишон диҳанд.

Хабарнигор Шарлотта Билис гуфтааст, ки пас аз расонаӣ шудани хабари дархости кумаки ӯ аз Толибон мақомоти Нюзланд бо вай дар тамос шуда, гуфтаанд, ки парвандаашро аз нав мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод, вале ӯ мегӯяд, ки дар гузашта аз Толибон мепурсид, ки чаро шумо ҳуқуқи занонро риоя намекунед, акнун ин суолашро ба раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дода мегӯяд, ки шумо бо занон чӣ хел муносибат мекунед?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.