13.9 C
Dushanbe

Боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати Маҳмадбоқиров дар Бадахшон

Додситонии ВМКБ нисбати яке аз раҳбарони мардумии ин вилоят Маҳмадбоқир Маҳмадбокиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Дар ин бора додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Парвиз Орифзода, рӯзи 2-юми феврал дар як гузориши телевизионии вилоят хабар дод. Аммо худи Маҳмадбоқиров ин иттиҳомоти нисбаташ эълоншударо пурра туҳмат ва дурӯғ номид.

Ба гуфтаи додситон Орифзода, ин парванда рӯзи 31-юми январ бо дархости Лутфулло Наврӯзов, раиси Идораи маорифи ВМКБ оғоз шудааст.

Худи Наврӯзов дар як навор, ки дар телевизиони Бадахшон пахш шуд, иддао карда буд, ки гӯё Маҳмадбоқир дар ҳолати мастӣ ба бинои кориаш омада, ӯро лату кӯб ва таҳқир намуда, гуфтааст, ки Хоруғро тарк кунад.

Дар ин барнома додситони Бадахшон наворҳоеро аз дурбини назоратии бинои номаълум нишон медиҳад, ки дар он як мард ба дохили бино ворид шуда, як  марди дигарро лату кӯб мекунад.

Ба гуфтаи додситон Орифзода, маҳз ҳамин навор саҳнаи лату кӯби сардори Идораи маорифи вилоят будааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки дар навор Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров нест, балки нафари дигар аст ва ин видео сохтаи мақомот асту ба воеқият рост намеояд.

Додситони вилоят Парвиз Орифзода хабар дод, ки нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбокиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 328, қисми 2 “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”;  330 қисми 1 таҳқири намояндаи ҳокимият”;  147 вайрон кардани дахлнопазирии мардум”;  Моддаи 189 барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парванда боз шудааст.

Додситони вилоят дар навор Маҳмадбоқировро раҳбари як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номид.

Худи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи 1-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро “пурра туҳмат ва дурӯғ” номида гуфт, ки “Ман ӯро назадам. Бо вай як сӯҳбати падарона кардам. Маҳалгароӣ ҳам набуд. Муаллим бояд дурӯғ нагӯяд. Вай дар навор дурӯғ мегӯяд, маро бадном кард. Гӯё ман террорист ҳастам. Не. Ман омӯзгоронро эҳтиром мекунам.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.