17.9 C
Dushanbe

Вазири маориф: рафтани омӯзгорону “облава”-и донишҷӯён фоҷеа нест

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз 3-юми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, ки аз тарки кор намудани омӯзгорон ва “облава” шудани донишҷӯён “фоҷеа насозед”.

Акс аз: Абдуллох Гурбати, Asia-Plus

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта тибқи омори расмӣ танҳо дар вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор омӯзгор бо сабабҳои гуногун корро тарк карда ба Русия сафар кардаанд ва ё бознишаста шуданд.

Вазири маорифи кишвар дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта, ки тарки кори тадрис намудани омӯзгорон падидаи нав нест ва ҳамасола дар кишвар ҷой дорад.

Падидаи тарк намудани касби омӯзгорӣ дар кишвар Эмомалӣ Раҳмонро низ маҷбур сохт дар паёми солонааш ба Парлумон аз он нигаронӣ кунад, аммо вазири маориф ва илм мегӯяд, аз он “фоҷеа насозед”.

Ҳамчунин Имомзода дар ин нишаст ба масъалаи зӯран ба хидмати ҳарбӣ бурдан ё “облава” шудани донишҷӯён ва магирстрони донишгоҳҳои олии кишвар ишора карда, гуфт, ки аз ин падида низ “фоҷеа насозед”. Вазир таъкид мекунад, ки ин падида ҳам нав нест ва хидмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

“Аслан хидмат кардан қарзи шаҳрвандии мо ҳаст. Дарсро гузошта хидмат кардан ва онро баъдан давом додан падидаи нав нест. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ низ ин раванд буд. Аз ин фоҷиа насозед, ин чизе нест”,-мегӯяд вазири маориф.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотии 6 моҳ қаблаш аз зӯран бурдани донишҷӯёни макотиби олӣ ба хидмати ҳарбӣ интиқод карда, гуфта буд, ки ба ин кор розӣ нест ва бо Вазорати мудофиа дар ин самт кор бурдаистодааст.

Коршиносон ночиз донистани “облава”-и донишҷӯён ва “фоҷиа” надонистани тарки кори омӯзгорон аз ҷониби вазири маорифи кишварро интиқод намуда, мегӯянд, дар баъзе мактабҳои дурдасти кишвар ба таври ҷиддӣ омӯзгор намерасад ва ё аксар омӯзгорон ба хотири кам будани маош касби омӯзгориро тарк намуда, ба Русия мераванд, ки ин дар воқеъ фоҷеа аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гирифтани шиносномаи Русия миёни зодагони Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ поин рафтааст

Дар соли 2025 ҳамагӣ 71 зодаи кишварҳои хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.

Талаби Чин аз Толибон ва Тоҷикистон

10-уми декабри соли ҷорӣ, нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди Афғонистон баргузор шуд.

Боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятие хабар дод, ки дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешаванд.

Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои ноболиғон манъ кард

Дар Австралия дигар кӯдакону наврасон наметавонанд ба шабкаҳои иҷтимоӣ дастарсӣ дошта бошанд.