Ӯзбекистон: “Мо Донетск ва Луганскро ҷумҳуриҳои алоҳида намешиносем”

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон эълон кард, ки ”Ӯзбекистон истиқлолият, ҳокимият ва тамомияти арзии Украинаро ба расмият мешиносад.”

Бино ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, Абдулазиз Камилов, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гуфтааст, ки Тошканд дар ин шароити вазнин Украинаро дастгирӣ мекунад ва кумакҳои башардӯстонаи худро ба Уркиана идома медиҳад.

Абдулазиз Камилов, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар як суханронии худ дар парлумон ба вакилони кишвараш гуфтааст: “аз нигоҳи таърихӣ мо бо Русия ва Украина рабитаҳои зиёде дорем ва бар асоси манофеи миллӣ Ӯзбекистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро бо ҳар ду кишвар идома медиҳад.”

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар робита ба ду минтақаи истиқлолталаби Украина таъкид кардааст: “Мо Донетск ва Луганскро ҷумҳуриҳои алоҳида эътироф намекунем.”

Дар ҷамъи кишварҳои Осиёси Марказӣ, ки дар гузашта ҳама мустамликаҳои Русия ва увзи кишварҳои собиқ Шӯравӣ буданд ва ҳоло ҳам аз муттаҳидон Крмелин ҳисоб мешаванд, Ӯзбекистон нахустин кишварест, ки ҳамлаҳои Русияро нодида гирифта, бо сароҳат ҳимояти худ аз Украинаро эълон мекунад.

Гуфта мешавад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 22-юми феврали соли 2022 расман “Ҷумҳурии халқии Луганск” ва “Ҷумҳурии халқии Донестк”, ду минатқаи ҷудоиталаби Украинаро дар Донбас ба расмият шинохт ва ба баҳонаи ҳимоят аз рустаборони ин ду минтақа аз “миллигароҳо”-и украинаӣ ва пешгирӣ аз хатари таҳдидҳои эҳтимолӣ субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ ҳамлаҳои худро ба Украина оғоз карда ва инак ҳафтаи сеюм аст, ки ҷанг идома дорад.

Дар давоми ин ҷанге, ки 21 рӯз боз идома дорад, наздик ба 3 миллион нафар аз Украина муҳоҷир шуда, раҳбарони Киев мегӯянд, ки Русия дар асари ҳамлаҳои худ ҳудуди 600 миллиард доллар ба ин кишвар зарар ворид кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти Идибеки “Бохтарӣ” ва Рустами “Кал”

Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтиморо, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони "ҳукуматӣ" шинохта шудаанд, боздошт кардааст.

Фавти ду ноболиғ дар пайи омадани сел дар вилояти Хатлон

Ду кӯдаки хурдсол дар натиҷаи боришоти рӯзҳои гузашта дар ноҳияи Шамсидин Шоҳин ҷони худро аз даст доданд ва як навҷавони 18-сола захмӣ шудааст.

Зеленский Путинро ба мулоқоти рӯбарӯ даъват кард

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина ба ҳамтои русаш Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки барои баррасии роҳҳои поён додани ҷанг мулоқоти мустақим баргузор кунанд.

Пас аз навори латтукӯб, масъалаи гирифтани кӯдак аз модар баррасӣ мешавад

Мақомоти корҳои дохилии Душанбе алайҳи як зани 24-сола бо гумони бераҳмона рафтор кардан бо фарзанди яксолаи худ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.