12.9 C
Dushanbe

Дар Бадахшон чӣ мегузарад?

14-уми майи соли ҷорӣ беш аз ҳазор сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар Бархоруғ барои муҳокимаи вазъияти имрӯзаи вилоят ҷамъ омада, баъзе қарорҳо қабул карданд.

Дар натиҷаи ин гирдиҳамоӣ сокинон аз ҳукумат талаб кардаанд, ки раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов фавран ба истеъфо равад ва нафароне, ки дар пайи гирдиҳамоии моҳи ноябри соли 2021 боздошт шудаанд, озод шаванд. Дар ғайри ин сурат аз рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ дар сартосари ВМКБ тазоҳуроти оммавии мардум шуруъ мешавад ва он то дами иҷро шудани талаботи сокинон идома хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Алишер Мирзонаботов

Бино ба иттилои Pamir Daily News, дар пайи ин гирдиҳамоии сокинон раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов бо вакилони маҷлиси шаҳрӣ ҷаласа баргузор карда, аз онҳо хостааст, ки дар ҳар як минтақаи вилоят нишастҳо баргузор намоянд ва аз иштироки мардум дар тазоҳурот пешгирӣ кунанд.

Инчунин додситони ВМКБ Парвиз Орифзода дар телевизиони Бадахшон суханронӣ намуда, нафаронеро, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат мекунанд, бо муҷозот таҳдид кардааст.

Парвиз Орифзода

Дар суханронияш Орифзода, Мамадбоқир Мамадбокировро ташкилкунандаи ҷамъомади рӯзи 14-умай дар Хоруғ ном бурда, ӯро ба ҳамдастӣ бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов муовини раҳбари ПМТ муттаҳам кардааст.

Додситони вилоят амали Мамадбоқировро ба терроризм баробар карда, тамоми сокинонеро, ки дар гирдиҳамоии рӯзи 16-уми май ширкат мекунанд, ба муҷозот таҳдид кардааст.

То ҳол назари Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дастраси расонаҳо нест.

Pamir Daily News, ки бештар ахбори ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, аз афзоиши нерӯҳои низомӣ ва таҳдиди мақомот барои истифодаи зӯр алайҳи мардуме, ки ба тазоҳурот мебароянд, хабар медиҳад.

Ба назар мерасад, ки мақомот талабҳои эътирозгаронро иҷро карданӣ нест ва мехоҳад бо таҳдид пеши тазоҳуротро бигирад.

Вазъ дар Бадахшон рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нерӯҳои қудратӣ бад шуд. Баъди бераҳмона кушта шудани Гулбиддин аз ҷониби мақомоти қудратӣ, сокинони маҳаллӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, чаҳор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Дар пайи ин эътирозҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ сокинони ВМКБ Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Баъди ин эътирозҳо чанд тан аз сокинони ин вилоят боздошт шуда ва таъқибу фишорҳои мақомот болои фаъолон бештар гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...