21.9 C
Dushanbe

Қазоқистон: “Амазон”-у “Алибобо”-и худро таъсис медиҳем

Коршиносони Қазоқистон ба ҳамтоёни худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кардаанд, ки барои рақобат дар тиҷоратҳои ҷаҳонӣ бозорҳои электронии худро таъсис диҳанд.

Ба иттилои Азия-Плюс“, “Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсояаш дар Осиёи Марказӣ пешниҳод дорад, ки барои пайвастан ба тиҷорати байналхалқии электронӣ – Amazon, e-Bay, Alibaba ва AliExpress дар якҷоягӣ талош кунанд.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, “ин пешниҳод дар конфронси “Аз харитаҳои роҳи миллӣ то ислоҳоти минтақаӣ” дар шаҳри Нур-Султон баррасӣ шудааст. Ба даъвати Қазоқистон кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъсиси Amazon-и минтақаӣ посухи мусбат додаанд.”

Пеш аз ин кишварҳои Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Русия низ дар минтақа бозорҳои электронии худро дар шабакаҳои ҷаҳонии Интернет таъсис дода, молу коло ва хадамоти зиёдеро пешкаши муштариёни худ қарор дода буданд.

Гуфтанист, бозорҳои электронии “Алибобо”-ву “Алиэкспресс” дар ибтидо аксар молу колоҳои Чин, “Эбай” аз Аврупову “Амазон” бештар аз Амикоро ба фурӯш мегузоштанд, аммо бо шарофати Интернет рӯз то рӯз ҳам хадамоти онҳо зиёдтар мешаванду ҳам бозори муштариёнашон дар тамоми кишварҳои дунё зиёдтар густариш пайдо мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.