Нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш пурра иҷро шуд

Вазорати мудофииа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин вазорат, ВМКБ дар рӯзи аввали даъват ба артиш  аз иҷрои нақша хабар дода, дар нимаи аввали моҳи апрел шаҳри Душанбе ва то охири моҳи май тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаро пурра иҷро карданд.

Вазорати мудофиаи кишвар аз ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, ки дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд ва волидоне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардидаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.

Ҳамзамон Вазорат таъкид карда, ки бо вуҷуди пурра иҷро шудани нақшаи даъват ба артиш, тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки соли 2020 қабул гардида буд,  “ҷавонони синни даъватӣ бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд”. Яъне, тибқи ин модда мақомот метавонанд давоми сол ҳар вақт ҷавононро ба комиссариат даъват ва барои ба артиш ҷалб намудан омода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома мекунад.

Дар ин мавсими навтӣ хабару наворҳои зиёде дар бораи ҷалби иҷбории ҷавонон ва ҳатто донишҷӯён расонаӣ шуд.

Мақомот ба фарқ аз солҳои қабл дар ин даъвати баҳорӣ аз шеваи нав истифода бурданд. Шеваи нави даъват ин буд, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бар асоси мактуби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон, ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат дода мешуд, ки “ихтиёран” имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Баъди ин мактуб, расонаҳои ҳукуматӣ аксҳои зиёди донишҷӯёнро нашр намуда, гуфта буданд, ки донишҷӯён имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супорида ихтиёран ба артиш рафтаанд. Вале дар ҳамин ҳол, қисми зиёди хатмкунандагон ва волидонашон ба расонаҳо шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, то имтиҳонро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.