Боздошти Толиб Аёмбеков ва ҳамроҳонаш дар Бадахшон

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) се тан аз раҳбарони маҳаллӣ тавассути мақомоти кишвар боздошт шуданд.

Акс аз АМИТ “Ховар”

Имрӯз, 11-уми июни соли 2022, пойгоҳи иттилоърасонии “Памир Дайли Нюс” хабар дод, ки субҳи имрӯз мақомот дар шаҳри Хоруғ Толиб Аёмбеков ва Мунаввар Шанбиевро барои суҳбат даъват карда, сипас онҳоро дар ҳамон ҷо боздошт кардаанд.

Аммо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) онҳоро “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” хонда гуфтааст, ки “дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус” дар шаҳри Хоруғ “Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки пеш аз ин “Помир Дайли Нюс иттилоъ дода буд, ки “дар шаҳраки “Хлебзавод”-и шаҳри Хоруғ садои тирпарронӣ шунида мешавад. Роҳҳои назди ин шаҳракро кормандони «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бастаанд. Ва манобеъ аз боздошти “Бизмич” Ниёзшо Гулобов  хабар медиҳанд.”

Ба гуфтаи АМИТ “Ховар”, мақомоти қудратии Тоҷикистон ин афроди боздоштшударо дасти кам ба 11 ҷинояти “вазнин ва махсусан вазнин” муттаҳам мекунанд. Ин ҷиноятҳое ба пои онҳо мезананд, ба шакли зайл раддабандӣ мешаванд: “куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ” мебошанд.

Ҳарчанд тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон ҳеч кас ҳақ надорад, ки пеш аз содир шудани ҳукми суд касе дигарро ҷинояткор гӯяд, аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон ва ба вижа раҳбарияти АМИТ “Ховар” одат кардаанд, ки ин талаботи қонунгузории кишварро зери по карда, дар вақти нашри чунин хабарҳо шаҳрвандони кишварамонро пеш аз содир шудани ҳукми суд дар ҷомеа”ҷинояткор” эълон кунанд.

Аздо тв дар бораи ҷузъияти ин боздоштҳои ахир дар шаҳри Хоруғ аз дигар манобеъ мустақил то ҳол иттилоъи мувассақе дарёфт накардааст, мавзӯъро дунбол мекунад ва дар сурати даст ёфтан ба иттилооти ҷадид, дубора ба ин мавзӯъ бар мегардад.

Гуфта мешавад, нооромиҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба хусус дар шаҳри Хоруғ пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалаъа дар 25-11-2021 оғоз шуда буд.

Дар ин муддат чанд дафъа сокинони маҳаллӣ барои додхоҳӣ ба назди мақомот рафтанд, вале аз ҷониби силоҳбадастони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мавриди ҳамла ва ҳадафи тирборон қарор гирифтанд. Мақомот дар натиҷаи ин тирпарониҳо ва қатлҳои омми худ тайи 20 рӯзи ахир низ ҳудуди 40 нафар аз сокинони ин вилоятро кушта, даҳҳои каси дигарро захмӣ ва боздошту равонаи зиндонӣ кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.