Мақомот Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро боздошт кард

Додситони ноҳияи Шоҳмансур рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро расман боздошт ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз кард.

Ба гузориши Радиои Озодӣ рӯзноманигорон шоми дирӯз, 15-июн ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт шуданд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС)-и шаҳри Душанбе қарор доранд.

Гуфта мешавад, мақомот алайҳи Далери Имомалӣ бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва 346 қисми 2 банди А “дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аммо “рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1, яъне “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар донистаанд.”

Вакили дифои рӯзноманигорон Абдураҳмон Шарипов аз қавли Далери Имомалӣ гуфта, ки ӯ аз фаъолияти блогерияш фоидаи каме ба даст овардааст, аммо намедонист, ки бояд андоз супорад. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Абдулло Ғурбатиро дар аввал раҳо карда ва баъдан бо гуноҳи дарафтодан бо милисаи назди дар дубора боздошт кардаанд. Аммо худи Ғурбатӣ ин иттиҳомро рад карда, гуфта, ки бо милиса даргир нашудааст.

Боздошти рӯзноманигорон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Далери Имомалӣ аз боздошти 5-соата ва лату кӯб шуданаш хабар дода буд. Ва инчунин субҳи дирӯз низ дар саҳифаи фейсбукиш навишта буд, ки “Агар бо ман чизе шуд ман дар милитсияи н. Айнӣ. Мехостам Конибодом сабти филм равам.“

Ҳангоми боздошти аввали Далери Имомалӣ, ки рӯзи 4-уми июн баъд аз пахши як навори баҳсбарангез сурат гирифт, яке аз прокурорҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки гуфта мешавад, писари вазири адлияи Тоҷикистон ва домоди раиси Суди олӣ аст, рӯзноманигорро лату кӯб карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ЗИНАИ ДУВУМИ ИСТИҚЛОЛИ МУФТ: ОЁ ТОҶИКИСТОН ИН БОР АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕКУНАД?

Баъди 35 соли расидан ба зинаи аввали истиқлоли муфт, Тоҷикистон дар остонаи зинаи дуввуми истиқлол ва ин дафъа ҳам муфт, қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.