30.9 C
Dushanbe

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон

Мақомоти Олмон гуфтаанд, ки ин кишвар “барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишварҳо мусоидати худро дареғ нахоҳад дошт.”

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 15-уми июли соли 2022, Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон мулоқот кардааст.

Дар ин мулоқот Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон ба Нилс Аннен, Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, вакили Бундестаг (SPD) дар бораи “дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самтҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тандурустӣ, энергетика, ҳамчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули назар карданд.”

Ба қавли манбаъ, зимни ин мулоқот “Нилс Аннен қайд кард, ки ҷониби олмонӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни кишварҳо мусоидати худро дареғ нахоҳад дошт.”

Гуфта мешавад, “робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон 28 феврали соли 1992 шурӯъ гардидаанд. Соли 1993 Олмони Федеролӣ дар шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони тозаистиқлол дар шаҳри Бонн сафоратҳояшонро ифтитоҳ намуданд ва соли 2000-ум миёни кишварҳо алоқаи ҳавоӣ барқарор шуд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.

Русия дар пайи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ бо Толибон аст

Маскав талош дорад "ҳамкории ҳамаҷониба"-ашро бо ҳукумати Толибонро тақвият дтҳад.

Боздошти як пирамрди 79-солаи рус дар Лаҳистон бо иттиҳоми таҳдид ба амният

Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи "Вор в законе" маъруф будааст, боздошт шуд.