22.9 C
Dushanbe

Ҷонибдории Тоҷикистон аз сиёсати “Чини ягона”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 4-уми августи соли 2022 бо нашри изҳороте дар робита ба “масъалаи Тайван” аз сиёсати Ҷумҳурии Чин ҷонибдорӣ намуд.

Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати “Чини ягона” буда, таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад. Низ таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

“Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати “Чини ягона” ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем”- омадааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар “масъалаи Тайван” дар ҳолест, ки Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот ҷонибдории худро аз сиёсати Чин дар мавриди Тайван иброз дошта буданд.

Пештар аз ин Ҳизби комунистии Тоҷикистон, ки одатан вокунишҳояш дар масоили минтақа хеле кам аст, низ бо нашри изҳороте сафари Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайванро маҳкум карда, аз Вашингтон даъват намуд, “аз амалҳое, ки суботи минтақа ва амнияти байналмилалиро халалдор мекунанд, худдорӣ кунанд”.

Ёдовар мешавем, ки 3-юми августи соли ҷорӣ Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико бо вуҷуди таҳдидҳои Чин ба Тайван сафар карда, зимни зиёраташ аз ин кишвар аз низоми демократӣ ситоиш намуд ва таъкид кард, ки Амрико ба ҳамбастагии худ бо Тайван пойбанд мемонад ва хашми Чин наметавонад раҳбарони ҷаҳонро аз сафар ба ин ҷазира боз дорад.

Чин дар эътироз ба ин сафар, сафири Амрико дар Пекинро эҳзор кард ва инчунин воридоти маҳсулоти кишоварзии Тайванро низ мутаваққиф кардааст. Бар илова, размоиши низомии қавиеро эълом кард.

Ба иттилои расонаҳо, Чин ин размоишро дар 6 минтақаи ҷазираи Тайван оғоз карда ва он то рӯзи якшанбе идома хоҳад кард.

Чин Тайванро як минтақаи ҷудоиталаби худ медонад, аммо Тайван ба истиқлол ва худмухторияш исрор дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.