Ронандаи ҷавон як модарро бо ду фарзандаш пахш карда кушт

Як ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ ҳангоми ҳаракат бо мошинаш ба самти шаҳри Ҳисор аз идораи он набаромада, як модарро ҳамроҳи ду фарзанди ноболиғаш пахш кард, ки дар натиҷа ҳарсе ҳалок шуданд.

Тавре Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, 14-уми августи соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Гулямов Меҳроҷиддини 24-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, дар деҳаи Меҳрободи шаҳри Ҳисор Расулова Манижаи 27-соларо ҳамроҳи ду фарзандаш, яке таваллуди соли 2017 ва дигаре 2022 пахш кардааст.  

Ба иттилои манбаъ, модари ин кӯдакон Расулова Манижа ба сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, аммо кӯдакон баъд аз интиқол ба беморхона ҳарду ҷон бохтанд.

Вазорати корҳои дохилаи кишвар мегӯяд, нисбати ин ҳодисаи нохуш таҳқиқоти пешакӣ идома дорад. Назари боздоштшуда ва ё наздикони ҳалокшудаҳо дастраси расонаҳо нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Авфи рӯзноманигорони зиндонӣ: киҳо озод мешаванд?

Қонун "Дар бораи авф" барои бархе аз рӯзноманигорон умеди озодии наздикро ба вуҷуд овардааст, аммо сарнавишти гурӯҳи дигар ҳамоно норӯшан боқӣ мондааст.

Ҷангҷӯи тоҷик дар Украина: “Ин хатои маро такрор накунед”

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷанги Русия бар зидди Украина иштирок дошт, худро ба сарбозони Украина таслим кард.

Модари блогер Абдурраҳмон-09 аз зиндон озод шуд

Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогери тоҷик Абдурраҳмон-09, аз зиндон озод шудааст.

Олмон боз як паноҳчӯи дигари тоҷикро ихроч кард

Мақомоти Олмон боз як паноҳҷӯи 54-солаи тоҷикро ҳамроҳи писараш ба Тоҷикистон ихроҷ кард.