Дар Новосибирск як узви созмони террористиро дастгир карданд

Мақомоти амниятии шаҳри Новосибирски Русия аз боздошти як узви террористи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ хабар дод, вале шаҳрванди кадом кишвар буданаш маълум нест.

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) мегӯяд, тавассути нерӯҳои ин ниҳод дар Новосибирск узви як созмони террористии “Катиба ат-Тавҳид вал-Ҷиҳод”, ки дар Русия мамнуъ аст, боздошт шудааст.

“Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки аъзои ин гурӯҳ сохтори террористии дар Сурия амалкунандаро маблағгузорӣ намуда, инчунин даъват ба содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар қаламрави Русияро доштанд”, – омадааст дар изҳороти Хадамоти амнияти федеролии Русия.

Тавре пештар “Коммерсант-Сибир” хабар дода буд, дар моҳи ноябри соли 2021 як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони узвият дар ин гурӯҳи мамнуъ дар Хакасия боздошт гардида буд. Мақомоти Русия ӯро дар таблиғи ғояҳои террористӣ айбдор карда, нисбаташа парвандаи ҷиноятӣ боз карда, барои дувуним сол равонаи зиндон шуд.

Илова бар ин, як нафари дигар, ки бо ӯ дар як манзили иҷора зиндагӣ мекард, низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, “ӯ аз фаъолияти ғайриқонунии ҳамватанаш огоҳ буд, аммо дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст”. Аз ин рӯ, додгоҳ ӯро ба маблағи 25 ҳазор рубл ҷарима карда, инчунин муҷаввизи иқомати муваққатияш дар Федератсияи Русия низ бекор ва ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.