29.9 C
Dushanbe

Ӯзбекистон амнтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ

Радабандии ахири кишварҳо нишон додааст, ки дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвар амн пас аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар мақоми сеюм қарор дорад.

Акс аз сомонаи https://www.visionofhumanity.org

Дар ин радабандӣ, ки аз ҷониби “GLOBAL PEACE INDEX” анҷом шудааст, 163 кишвари дунё оварда шудааст ва дар он Афғонистон мақоми охирро ишғол кардааст.

Инчунин бар асоси баровардаҳои ин созмон, пас аз Афғонистон Яман ва Сурияву Русия низ ҷузви кишварҳо ноамнтарини дунё арзёбӣ шудаанд.

Ҷолиб он аст, ки тибқи арзёбиҳои “GLOBAL PEACE INDEX” бо вуҷуди ҳамлаҳои низомии Маскав алайҳи Киев дар ин шаш моҳи ахир, Украина дар мақоми 153 ва Русия дар мақоми 60-ум қарор гирифта, ки Киев 7 зина амнтар  аз Русия дониста шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин радабандӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар мақоми аввал, ҷои 87, Қирғизистон дар мақоми дувум, ҷои 91, Тоҷикистон дар мақоми сеюм, ҷои 92, Қазоқистон мақоми 4-ум, дар ҷои 97 ва Туркманистон зинаи аз ҳама охир, мақоми 104-умро ишғол кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.