16.9 C
Dushanbe

Пойтахти Қазоқистон бори дигар тағйири ном кард

Раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ бо судури фармоне номи пойтахти кишвараш Нур-Султонро ба номи қаблияш Остона баргардонд.

Гуфта мешавад, Тоҷқаев пас аз мувофиқати комили парлумони Қазоқистон барои тағйири номи пойтахт ба номи қаблияш, зери ин фаромн имзо гузоштааст.

Тағйири ном кардани пойтахти Қазоқистон аз Нур-Султон ба номи қаблияш Остона дар ҳолест, ки моҳи марти соли 2019 бо ташаббуси худи Тоқаев, ки он замон раиси парлумони кишвараш буд, барои “хидматҳои шоистаи”-и аввалин раисҷуҳур ва “пешвои миллат”-и қазоқҳо Нурсултон Назарбоев пойтахти Қазоқистон аз Остона ба Нур-Султон номгузорӣ шуд.

Соли 2019 Нурсултон Назарбоев, собиқ раисҷумҳури Қазоқистон пас аз 30 соли ҳукумадорӣ аз мақомаш канор рафт ва он замон ӯ Тоқаевро шахси боэътимоди худ муаррифӣ карда буд, ки метавонад кишварро дуруст идора кунад. Аммо, ба гуфтаи коршиносон, пас аз қудратро ба даст гирифтани Тоқаев тавре Назарбоев интизор дошт, кор чунин пеш нарафт. Баракс, дар як муддати кӯтоҳ дасти Назарбоев ва хонаводаи ӯро аз қудрат кӯтоҳтар кард ва ҳатто унвони “Пешвои миллат”-ро аз ӯ гирифт ва инак номи пойтахтро, ки маҳз ба номи Назарбоев гузошта шуда буд, ба номи қаблияш баргардонд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.