Интиқоди фарҳангиёни эронӣ аз бархӯрди пулиси Эрон бо муътаризон

Меҳрони Мудирӣ, яке аз ҳунармандони синамо ва коргардонҳои машҳури Эрон дар мавриди вазъияти ахири кишвараш вокуниш карда, аз мақомот хост, ки бо мардум бархӯрди хашин накунанд.

Эронинтернешнл зимни нашри навори Меҳрони Мудирӣ навшта, ки ин коргардони эронӣ “Садо ва симоро таҳрим кард”.

Мудирӣ, ки барномаҳои пуртарафдореро дар телевизионҳои Эрон муҷригӣ мекунад, дар эътироз ба амалкарди пулиси ин кишвар бо эътирозгарон гуфт, намехоҳад ба ҳеч ваҷҳ як лаҳза аз барномаҳояш дар шабакаҳои ин кишвар пахш шаванд.

Мудирӣ аз мақомоти кишвараш хоста, ки бо мардум ҳарф бизананд ва ба талаботи онҳоро бишнаванд. “Ҳеч кас дар ин кишвар хоҳони хушунат нест,  ҳич кас дилаш намехоҳад шиша бишканад, ҳич кас дилаш намехоҳад утумобил оташ бизанад, ҳич кас дилаш намехоҳад чизеро тахриб кунад. Бубинед мутолиботи мардум чӣ аст”, мегӯяд ин коргардон.

Ҳамзамон филмсози машҳури дигари эронӣ Масъуд Кимёӣ низ бо нашри навори ҳамсон ҷониби мардум шуда, аз ҳукумат ва мақомдорони кишвараш хоста, ки бо мардум бархӯрди нодуруст надошта бошанд.

Мақомоти интизомии Эрон мегӯяд, гурӯҳҳои хориҷӣ ва манфиатҷӯён талош доранд вазъро хароб кунанд ва муътаризон ҳамаро оташ мезананд.  

ّЁдовар мешавем, ки пас аз вафоти Маҳсо Аминӣ, як зани 22-солаи эронӣ мардуми ин кишвар 6 рӯз боз даст ба эътироз задаанд. Ба гуфтаи муътаризон, пулис ба хотири “бадҳиҷобӣ” ин занро шиканҷа карда, ки дар натиҷа ӯ даргузаштааст.

Аммо пулис мегӯяд, Маҳсо Аминиро лату кӯб накардааст ва ӯ худ ба сактаи қалбӣ дучор шуда ва баракс, маъмурони пулис ӯро кумак кардаанд, ки ба бемористон интиқол диҳанд, вале ӯ вафот кардааст. Ва дар ин росто наворе низ нашр карда, ки дида мешавад, як хонум дар назди маъмурони пулси ба замин меафтад ва дар ҳол мардуми дар гирди ӯ ҷамъ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва...

Кушта шудани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина

Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Додгоҳи Сурия Башор Асадро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноятии Сурия собиқ президенти ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҷазои қатл маҳкум кард.

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.