21.9 C
Dushanbe

Пирмуҳаммадзода барои “лайк”-и шеъри А.Раҳнамо ба ифротгароӣ муттаҳам шуд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, барои “лайк” гузоштан зери шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо ба ифротгароӣ муттаҳам шуд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод, ки Пирмуҳаммадзода сахт шиканҷа шуда, бар асари он дасту нохунҳояш сиёҳ шудаанд ва дар ӯ афсурдагӣ дида мешавад.

Мақомоти боздоштгоҳ ва муффатишон дар бораи шиканҷа шудани ин рӯзноманигори шинохта чизе намегӯянд.

Пайвандон ва вакили мудофеи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар бораи шиканҷа шудани ӯ чизе намедонанд, вале ин ки гуноҳеро худаш ба дӯш гирифта бошад, шубҳаовар меноманд. Ҳамзамон онҳо мегӯянд, ки муҳокимаи рӯзноманигор ҳафтаи оянда дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуруъ хоҳад шуд ва мавзуъро онҷо мепурсанд.

Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода гуфтааст, ки ду мутахассиси Вазорати адлия дар хулосаашон навиштаанд, ки Абдусаттор “дар ифротгароӣ даст дорад”.

Ба гуфтаи бародари Пирмуҳаммадзода, ин рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери “Эъломияи инқилоб”, шеъри сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, ки Иттифоқи нависандагон дар посухаш ба вакили мудофеъ ватандӯстона номид, лайк гузошта будааст.

“Дар он шеър калимаи “наҳзат” омадааст, вале на ба маънои ҳизби мамнӯи наҳзат, балки ҳаракат ё равона шудан. Аммо мақомот ҳамонро асос гирифтаанд,” – нақл кард ӯ.

Инчунин мақомот баёнияи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар мавриди боздошти Далери Имомалиро, ки дар он навишта буд “Агар Далер ба муддати тӯлонӣ паси панҷара равад ҳам, барои мардум як намоди қаҳрамонӣ ва муборизи роҳи адолат ва симои журналистикаи нави тоҷик хоҳад буд. Ҳукумат бошад шарманда”, ифротгароӣ гуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомот дар рӯзи иди Қурбон, 9-уми июли соли ҷорӣ рӯзноманигор ва блогери шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боздошт карда, баъдан ӯро мақомот ба ифротгароӣ муттаҳам кард.

Боздошти рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар пайи боздошту фишор болои рӯзноманигорон сурат гирифта буд. Созмонҳои ҳуқуқи башар раҳои ӯ ва дигар рӯзноманигорони зиндониро талаб карда буданд, аммо мақомот мисли ҳамеша ба ин талаби созмонҳо эътибор надоданд.

Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, пештар дар Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик кор карда, пас аз ронда шудан аз ҷои кораш ба мусофиркашонӣ ва блогерӣ машғул буд.

Ӯ соли 2020 дар саҳифаи фейсбукии худ аз набуди ҷои кор, шароити пасти зиндагӣ ва болои ин ҳама фишору ҷаримабандиҳои кормандони БДА дар роҳҳо шикоят карда буд, ки ин шикояти ӯ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.