7.9 C
Dushanbe

Ҷудоӣ, ҳақталабӣ ё меҳрубонӣ. Раҳмон аз Путин чӣ мехоҳад?

Рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои минтақа “Осиёи Марказӣ+Русия” зимни суханронияш аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин хост, сиёсаташро нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир диҳад.

Раҳмон дар хитоб ба Путин гуфт, маҳз беэътиноӣ ба миллатҳои хурд сабаб шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошад. Ва аз ӯ хост сиёсатҳои имрӯзаи Русия нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд мисли сиёсатҳои замони шӯравӣ бошад. Ва бояд ба миллатҳои кӯчак эҳтиром гузошта шавад.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар охири суҳбаташ ба суханони Путин, ки як рӯз пеш дар нишасти сеҷонибаи кишварҳои Русия, Тоҷикистону Қирғизистон гуфта буд, ки то 2 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, эътироз карда, гуфт, он 2 миллион ҳама барои кор намераванд. Ӯ гуфт, аз ин миқдор танҳо 600 ҳазораш муҳоҷири корӣ аст ва боқӣ ба таҳсилу табобат ва дигар корҳо машғуланд. Раҳмон афзуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онҷо кор мекунанд, заҳмат мекашанд, ки пул кор кунанд.

Навори суханронии пурҳаяҷони Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишори вазеъ ёфт. Танҳо дар шабаки ютуби расонаи “AKIpress news” дар камтар аз 15 соат бештар аз 3 миллион (3 миллону 190 ҳазор) тамошобин ва бештар аз 26 ҳазор шарҳу 93 ҳазор “лайк” доштааст.

Инчунин ин суханоронӣ дар сархати аксари расонаҳои русӣ ва ғарбӣ қарор гирифта, коршиносони зиёде онро таҳлил кардаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ низ ба сухаонронии Эмомалӣ Раҳмон вокунишҳои гуногун сурат гирифта, ҷонибдоронаш аз ҷасорату бебокии ӯ мегӯянд, вале мухолифон онро суханони гиламандӣ ва ғуломандешона баҳо додаанд. Чун, ба гуфти онҳо, Раҳмон ошкоро аз русҳо талаб дорад, ки манфиатҳои моро чи ба назар мегиред ва чи не, фақат моро эҳтиром кунед кофӣ аст.

Ҳамзамон коршиносон низ ба ин суханронӣ гуногун баҳо медиҳанд, бархе бар ин назаранд, ки ин тарзи суханронӣ аз қабл ҳамоҳангшуда ва ба хотири намоиш додан ба Ғарб аст, ки кишварҳои зери султаи Русия бо Путин ошкоро ҳарфи дили худро мегӯянд.

Вале бархе дигар мегӯянд, зоҳиран дар суҳбати паси пардагии рӯзи 13-уми октябр, ки байни Путину Раҳмону Ҷаббаров гузашт, гуфтугузорҳое дар мавриди мушкилоти марзӣ сурат гирифта, ки ба нафъи ҷониби Қирғизистон тамом шудааст ва Раҳмон аз ин ки Русия ҷониби Қирғизистонро гирифтааст, ба хашм омадааст.

Гурӯҳи сеюм бар ин боваранд, ки дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳамлаҳои Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои бузурги Ғарб болои он ва ба сабаби ин таҳримҳо дар инзивои ҷаҳонӣ қарор гирифтани Путинро воқеӣ қабул карда, эҳтимол мехоҳад худро кам кам ба домани Ғарб андозад.

Фарзияи ахирро метавонад масъалаи сар задани ихтилофот дар дохили ҳукумати Русия тақвият бахшад. Чун вақтҳои ахир вуҷуди ихтилофоти зиёд дар дохили ҳукумати Русия ба гӯшҳо мерасад ва шояд ин овозаҳо Раҳмонро бар ин бовар расонда, ки умри ҳукуматдории Путин чандон зиёд намондааст.

Аз сӯи дигар, одатан барои Эмомалӣ Раҳмон суханронии берун аз протокол душвор аст, вале дар ин суханронӣ бепротокол суҳбат кардану инчунин хомӯшии Путин ва то охир гӯш андохтан ба суханони ӯ фарзияи якумро бештар тақвият медиҳад. Зеро дида мешавад, ки пас аз ҳамлаҳои Русия ба Украина кишварҳои ғарбӣ талош доранд ҷои пои Русияро тангтар кунанд, ба хусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Аммо ба ҳар сурат, ин суханронии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Русия чӣ паёмадҳое дорад, вақт онро бармало хоҳад кард, вале он метавонад як гӯшзаде бошад ба қудратҳои дигари ҷаҳонӣ барои тағйири сиёсатҳояшон дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Муҳаммадалии Юсуф

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.