Таҳқири Худо ва лату кӯби як сарбоз барои хондани намоз

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори кӯтоҳе нашр шудааст, ки сарбозон як ҳамхидати худро барои хондани намоз лату кӯб карда, Худоро таҳқир мекунанд.

Дар ин навор, ки онро шабакаи телеграмии “Всевиядщее ОКО Украина” нашр кардааст, дида мешавад, ки як сарбоз ҳамхидматашро ба замин хобонда, ба рӯяш бо мушт мезанад ва бо забони русӣ Худоро таҳқир намуда мегӯяд “Бо Аллоҳат безор кардӣ”. Нафари дигарӣ, ки ин наворро сабт мекард бо пояш ин сарбози дар заминхобидаро мезанад ва мегӯяд, ки “ Вақте ки мо гуфтем баъд намоз мехонӣ, фаҳмидӣ” ва дар идома аз суханҳои таҳқиромез истифода мекунад.

Онҳо лату кӯбро идома дода, ба сарбози дар заминхобида мегӯянд, ки “фармони моро фаҳмидӣ?” Дар ҷавоб ин сарбоз, ки рӯшро бо дастонаш пӯшида аст, мегӯяд, ки “Лозим нест”. Аммо онҳо бо мушту по заданро идома дода боз мепурсанд, ки “фаҳмидӣ?” ва дар охир он сарбоз посух медиҳад, ки “фаҳмидам, фаҳмидам”.

Маълум нест ин навор кай ва дар куҷов сабт шудааст ва он ҷавонеро, ки лату кӯб мекунанд, мусалмони кадом кадом миллат ва зодаи куҷост. Аммо ҷавони дар замин хобида, дар тан либоси сарбозӣ бо парчами Русияро дорад.  

Ба ҳамин монанд хабарҳое низ пештар нашр шуда буд, ки дар пойгоҳҳои низомии Русия гоҳо байни сарбозони рус ва ғайримусалмон ба хотири боварҳои динӣ бо сарбозони мусалмон мушкилоту баҳсоҳои лафзӣ ва ҳатто занозаниҳо ба вуҷуд меояд.

Бори охир, 15-уми октябри соли ҷорӣ расонаҳо хабар доданд, ки дар тамрингоҳи Белгород тирпаронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он беш аз 30 нафар куштаву захмӣ шуданд. Мақомоти Русия онро кори ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва “ҳамлаи террористӣ” хонданд. Дертар расонаҳо исми ду зодаи Тоҷикистонро нашр карданд, ки гуфта мешуд, ин тирпаронӣ дасти кори онҳост ва дар натиҷа онҳо ҳам кушта шудаанд.

Яке аз иштироккунадагони ҳодисаи тирпарронии тамрингоҳи Белгород баъдан дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки ибораи “Аллоҳ заиф аст”, ба мусалмонони тоҷик сахт таъсир кард ва он сабаб шуд, ки фармондеҳи рус ва дигар сарбозонро бикушанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...