Шӯрои Аврупо: Паравандаҳои фаъолон ва рӯзноманигорони зиндонӣ таҳқиқ шаванд

Шӯрои Аврупо хостори иҷрои таҳқиқҳои алоҳида дар хусуси парвандаҳои фаъолон, рӯзноманигорон ва блогнависони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои IPHRONLINE, қарор аст дар давоми ҳафтаи ҷорӣ яке аз раҳбарони Иттиҳоди Аврупо Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо барои дидор бо раҳбарони кишварҳои Осиёси Марказӣ ба Қазоқисон ва Узбекистон сафар кунад.

Ба қавли манбаъ, пеш аз сафар чор созмони ҳомии ҳуқуқи инсон бо ирсоли номае аз раиси Шӯрои Аврупо хостаанд, ки ҳангоми дидор бо раҳбарони кишварҳои Осиёси Марказӣ, масоили вобаста ба нақзи ҳукуқи инсон, аз он ҷумла саркӯб, қатлу куштор ва шиканҷаву бадрафториҳои мақомот алайҳи эътирозгаронро дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ба миён бигузорад.

Дар номаи ин чор созмон болои ҳодисаҳои хунин ва қатлу куштор ва боздошти фаъолони Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, нақзи ҳуқуқҳои эътирозгарони Ҷумҳурии Қароқалпоқистони Узбекистон ва саркӯби мухолифин ва иштирокчиёни ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон таъкид шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҷамъи ин созмонҳое, ки ба унвони раиси Шӯрои Аврупо нома навиштаанд, Мушорикати байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR), Бюрои байналмилалии ҳуқуқи башар ва волоияти қонун дар Қазоқистон (KIBHR), Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA) ва Ташаббуси Туркманистон оид ба ҳуқуқи инсон (TIHR) шомил ҳастанд.

Инчунин дар номаи ин чор созмони ҳомии ҳуқуқи инсон таъкид шудааст, ки як таҳқиқи мустақил ва байналмиллалӣ дар бораи ҳодисаҳои хунини моҳи сентябри соли 2022 дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон, ки даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, гузаронида шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" рӯнамоӣ шуд.

Путин қонунҳои нави зидди муҳоҷиронро имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. 

Дар Панҷакент маъракаи нави зидди “либоси бегона” баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии...

Боздошти чанд хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.