Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия

Барномаҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикитон дар шаҳри Уфа Русия баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 26-уми октябри соли 2022 “Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия бо баргузории барномаи ҳунарӣ ва дигар чорабиниҳо дар толори давлатии консертии ба номи “Бошқирдистон”-и шаҳри Уфа идома меёбад.”

Пеш аз ин маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар бо иштироки устодни санъати Тоҷикитсон дар Театри давлатии хурди академии шаҳри Маскав оғоз шуда буд.

Инчунин гуфта мешавад, ки “дар толори театр намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони боистеъдоди тоҷик ва маҳсули кори ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.”

Гуфта мешавад, 24-уми октябри соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав оғоз гардида, ҳунармадони тоҷикистонӣ барномаҳои худро бо тантана ва сабки хоси миллии тоҷикӣ баргузор мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.