9.9 C
Dushanbe

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё маълум шуд

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии футболи “Ҷоми Осиё-2023” дар гурӯҳи “С” бозӣ хоҳад кард.

Акс аз сомонаи ФФТ

Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки имрӯз, 26-уми октябр дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ (“А”, “В”, “С” ва “D”) тақсим шуданд, ки ҳар гурӯҳ аз чаҳор мунтахабӣ иборат аст.  Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи “С” қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) “Ҷоми Осиё-2023” миёни ҷавонон аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон баргузор мегардад.

Пас аз ҷамъбасти “Ҷоми Осиё-2023”, чаҳор мунтахаби беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат пайдо мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузаронданд.

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.