23.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт

Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафт.

Имрӯз, 27-уми октиябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ба шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон сафар кард.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро “Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки Эмомлӣ Раҳмон ду ҳафта пеш дар ҳамин шаҳр (Остона) зимни нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ+Русия” дар ҳузури Владимир Путин аз нишастҳои якҷояи дигар давлатҳои абарқудрат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқод карда буд.

Ӯ ҳамчунин аз раисҷумҳури Русия хоста буд, ки русҳо ба ӯ ва майдамиллатҳо эҳтиром бигузоранд, вале зоҳиран дар ин сафар пешвози гарме надид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.