16.9 C
Dushanbe

Ҳамлаи мусаллаҳона ба Шоҳчароғи Шероз

Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шерози Эрон дастикам 53 нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ шоми 26-уми октябри соли ҷорӣ як нафар бо силоҳ вориди масҷид ва зиёратгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз шуда, сӯйи одамон тир мекушояд. Дар натиҷа, ба гузориши расонаҳо аз 13 то 15 нафар кушта шуда, 40 тани дигар захмӣ шудааст. Расонаҳои эронӣ дар истинод ба мақомоти ин кишвар менависанд, ки миёни қурбониён як зан ва се кудак низ ҳаст.    

Исмоил Муҳиббипур, муовини волии вилояти Форс гуфтааст, ки ин ҳамлаи дастаҷамъӣ набуда, тирпарронӣ аз ҷониби танҳо як нафар сурат гирифтааст, ки худи ӯ дар натиҷаи бархӯрд бо пулис захмӣ ва боздошт шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол дар бархе хабару гузоришҳо шумораи ҳамлаварон се нафар гуфта мешавад, ки ду нафар онҳо дастгир шуда, як нафари дигар фирор кардааст.

ДОИШ баъд аз як соати ин ҳамлаи хунин масъулияти онро бар дӯш гирифт.

Раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ дар робита ба ин ҳодисаи хунин изҳори таслият кард ва гуфт, ки “мо ба ин иқдом посухи қотеъона хоҳем дод ва ин барои ҷинояткорон дарси ибрат хоҳад шуд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.