Нигаронии ҷаҳон аз таҷрибаҳои пайҳами мушакии Куриёи Шимолӣ

Куриёи Шимолӣ рӯзи 28-уми октябр барои таҷриба ду мушаки кутоҳбурди болестикии навашро ба сӯи обҳои нимҷазираи Юнгчеуни Куриёи Ҷанубӣ партоб кард.

Акс аз Интернет

Ожонси хабарии “Yonhap News” бо истинод аз Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Куриёи Ҷанубӣ мегӯяд, ин мушакҳои болестикӣ, ки 800 километр бурд доранд, давоми ду ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки аз сӯи Куриёи Шимолӣ таҷриба мешавад.

Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ аз ин вазъият нигаронӣ карда, мегӯянд, ки ҳолати омодабошӣ ва назоратро тақвият бахшидаанд. Ва бо Амрико ва ҷамоеи ҷаҳонӣ аз хатарҳои эҳтимолии ин таҷрибаҳои мушакии Куриёи Шимолӣ дар хатти тамоси доимӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, таҷрибаҳои батакрори Куриёи Шимолӣ аз мушакҳои балестикии кӯтоҳбурд ва дарозбурд, боиси нигаронии Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ ва ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гузориши “Ройтерз” мудири Ожонси байналмилалии энержии атомӣ Рафаэл Гросси мегӯяд, “олам дар ҳолати тарсу ваҳшат” қарор дорад, зеро санҷишҳо нишон доданд, ки ба эҳтимол зиёд Куриёи Шимолӣ дар садади санҷиши бомби атомӣ аст ва ин барои минтақа ва ҷаҳон хатар дорад.

Ҳамзамон Созмони Миллали Муттаҳид ба Куриёи Шимолӣ ҳушдор дода буд, ки даст аз санҷишҳои зиёди ҳар навъ мушакҳои болестикие, ки ҳатто баъзе онҳо тавони ҳамли кулоҳаки атомиро доранд, бардорад.

Гуфта мешавад, Куриёи Шимолӣ дар ҳоле санҷиши мушакҳои дарозбурд ва кӯтоҳбудрдашро шиддат бахшидаст, ки чанде пеш нишасти вазирони корҳои хориҷии Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва ичунин маҷбур сохтани Куриёи Шимолӣ барои даст бардоштан аз санҷишҳои батаркрори мушакӣ ва нишастан сари мизи музокирот, доир шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...