7.9 C
Dushanbe

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Иброҳим Раисӣ

Президенти Тоҷикистон бо ирслои барқияи ҳамдардӣ ба ҳамтои эрониаш ҳамла ба зиёратгоҳи “Шоҳчароғ” дар Шерозро “террористӣ” хонда, онро маҳкум кард.

Имрӯз, 28-уми октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон бо ирсоли як номаи ҳамдардӣ ба унвони Президенти Эрон гуфт: “Мо ин амали террористиро қотеона маҳкум намуда, зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид менамоем.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ин номаи таслияти худ таъкид мекунад: “Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам.”

Президенти Тоҷикистон дар ҳоле ин ҳамларо маҳкум кард ҳудуди як моҳ пеш, 30-уми сентябри соли ҷорӣ ба маротиб ҳамлаи сангинтаре аз ҷониби нерӯҳои ҷумҳурии исломӣ алайҳи намозгузрон дар шаҳри Зоҳидони Эрон сурат гирифта, наздик ба 100 нафар кушта ва беш аз 300 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд, вале дар он мавриде то ҳол ҳеч чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, мақомоти эронӣ теъдоди қурбониёни ҳодисаи зиёратгоҳи Шоҳчароғи Шерозро ҳудуди 35 нафар мегӯяд, вале ДИИШ, ки ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст, таъкид мекунад, ки зиёда аз 60 нафар дар он кушта ва захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.