“Гашти иршод”-и Эрон барҳам дода шуд

Пулиси ахлоқ ё “Гашти иршод”, ки риояи меъёрҳои исломӣ ва ахлоқи ҷамъиятиро дар Ҷумҳурии исломии Эрон назорат мекард, барҳам хӯрд. Дар ин бора Муҳаммадҷаъфар Мунтазарӣ, додситони кулли Эрон хабар дод.

Ба гуфтаи Мунтазирӣ, полиси ахлоқ ба низоми додгустарӣ ҳеҷ иртиботе надорад ва аз ин рӯ, барҳам дода шудааст. Дар идома ӯ қайд карда, ки қувваи қазоия назоратҳои худро бар фаъолияҳои ахлоқии ҷомеа идома медиҳад.

Инчунин додситони кулли Эрон гуфтааст, ки ҳуқуқшиносон сари тарзи иҷрои талаботи қонун дар бораи ҳиҷобпӯшии занон кор бурда истодаанд ва дар давоми як то ду ҳафта пешниҳодҳо ба парлумон ирсол хоҳанд шуд.

Ҳамзамон Мунтазирӣ таъкид мекунад, тазоҳуроте, ки дар Эрон беш аз ду моҳ мешавад идома дорад, бо сабабҳои зиёде ба вуҷуд омадааст.

Пулиси ахлоқ ё “Гашти иршод” дар Эрон соли 2006 дар замони раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод таъсис шудааст.  

Нооромиҳо дар Эрон рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ пас марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки аз ҷониби пулиси ахлоқ боздошт шуда буда, оғоз ёфт. Тибқи иттилои расмӣ, пулис Аминиро барои пӯшидани рӯймоли нодуруст боздошт кардааст. Ҳангоми бозпурсӣ ӯ ба сактаи қалбӣ гирифтор шуда, аз он фавтидааст. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот паҳн шуд, ки Аминиро пулис латукӯб кардааст.

Ҳукумати Эрон мегӯяд, ки дар пайи нооромиҳо дар ин кишвар аз моҳи сентябр то ҳол беш аз 200 кас кушта шудааст. Аммо тибқи гузориши расонаҳо то имрӯз беш аз 18 ҳазор нафар боздошт шуда,  471 эътирозгар, аз ҷумла 64 кӯдак ва 61 маъмури амниятӣ кушта шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд

Дастаи Тоҷикистон дар нахустин иштироки худ дар Олимпиадаи байналмилалии зеҳни сунъӣ (IOAI-2026) соҳиби ду медал шуд.

Сафари ҳайати Толибон ба Молдова баҳсбарангез шуд

Сафари як ҳайати ҳукумати Толибон ба Ҷумҳурии Молдова боиси баҳсҳои сиёсӣ ва интиқодҳои густурда дар ин кишвар гардид.

Дар Душанбе чанд навраси пайрави сабки “нефор” боздошт шуданд

ВКД-и Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳ наврасон хабар дод, ки бо тақлид ба фарҳанги бегона тарзи либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва рафтори худро тағйир додаанд.