Бунёди “Бузургмеҳр” аз Мэри Лоулор хоста, ки аз зиндонҳои Тоҷикистон боздид кунад

Бунёди “Бузургмеҳр” бо навиштани номае ба Гузоришгари вежаи СММ Мэри Лоулор гуфтааст, маълумоте, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи башар барояш пешниҳод шудааст, дурӯғ ва тасдиқнашаванда аст.

Бунёди “Бузургмеҳр”, ки аз ҷониби пайвандону маҳбусонии сиёсии тоҷик дар Аврупо таъсис ёфтааст имрӯз, 6-уми декабр дар номае аз Мэри Лоулор даъват кардааст, ки барои ошноӣ бо вазъи воқеии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо наздикони зиндониёни сиёсӣ, намояндагони адвокатура ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бидуни ширкати намояндагони мақомот вохӯрӣ анҷом диҳад.

Инчунин аз хонум Лоулор даъват шудааст, ки аз зиндонҳои Душанбе ва Ваҳдат дидан кунад ва бо маҳбусони сиёсӣ дар бораи шароити нигоҳдорӣ, ғизо, хизматрасонии тиббӣ ва ғайра гуфтугӯ кунад.

Дар номаи Бунёд гуфта шудааст, ки ҳарчанд Душанбеи расмӣ пойбандии худ ба санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, назири “Эъломияи ҳомиёни ҳуқуқи башар”, “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” ва дигар паймону конвенсияҳои байналмилалиро эълон мекунад, аммо дар асл вазъ дар кишвар хеле ноором аст ва Тоҷикистони имрӯза кишварест, ки режими худкома дорад ва тамоми соҳаҳо таҳти назорати шадиди мақомот қарор дорад.

Бунёди “Бузургмеҳр” менависад, ки дар кишвар ҷомеаи воқеии шаҳрвандӣ, судҳои мустақил, озодии баён ва озодии мазҳабӣ вуҷуд надошта, адвокатура таҳти назорати қатъии давлат аст.  

Дар нома аз ҳодисаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисол оварда шуда, гуфта шудааст, ки мақомот тазоҳуркунандагонро бо зӯр пароканда карда, чанд нафарро куштанд ва даҳҳо тани дигарро боздошт ва бо иттиҳомоти сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд. Дар пасманзари ин ҳодисаҳо мақомот 10 хабарнигору блогерро, ки аз мушкилоти муҳими иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегуфтанд, равонаи зиндон карданд.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки мақомот Бузургмеҳр Ёров ва чанд зиндонии сиёсии дигарро мехоҳанд ба омода кардани бетартибиҳо дар зиндонҳои кишвар айбдор кунанд ва ҳоло бо роҳи таҳдид ва шиканҷа аз маҳбусон дар колонияи ЯС3\1-и шаҳри Ваҳдат нисбати зиндониёни сиёсӣ шаҳодати бардурӯғ ҷамъоварӣ доранд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони маҳбасҳои кишвар ҳомии ҳуқуқ ва зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро 24-уми ноябри соли ҷорӣ барои ду сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий” интиқол додаанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳомиёни ҳуқуқи башар Мэри Лоулор ба Тоҷикистон аз 28-уми ноябр оғоз шуда, то 9-уми декабр идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Мэри Лоулор дар ин сафараш ба Тоҷикистон вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳамчунин мавзӯҳои муҳим ва мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ мекунад.

Мэри Лоулор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои фиристодани шаҳрвандон ба муҳоҷирати корӣ аст

Тоҷикистон дар як конфронси байналмилалӣ зарурати густариши роҳҳои қонунии муҳоҷирати кориро матраҳ кардааст.

HRW: Саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон идома дорад

Созмони HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, мегӯяд, ки рӯзноманигорон, фаъолон ва мунтақидони сиёсати ҳукумат ҳанӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд.

Боздошти ду мансабдори баландпоя барои замин

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ду мансабдори баландпояи шаҳри Исфараро бо гумони гирифтани пора боздошт кардаанд.

Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа як рӯҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд.