7.9 C
Dushanbe

Беш аз 17 км марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд

Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ ба анҷоми расид.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, “рӯзҳои 1–6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.”

Ба қавли манбаъ, дар ин дидор ҳайатҳои кории ду ҷониб тавонистанд ба масофаи 17,66 км марзи давлатиро муайян созанд. Ҷонибҳо ҳамчунин барои идомаи корҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 низ мушаххас карданд.

Аммо дар хабари вазорат гуфта нашудааст, ки “ин масофаи 17,66 км” дар кадом минтақа ва аз куҷо то куҷо аст. Аммо, тибқи маълумоти ВКХ акнун аз 970 киллометри марзи муштараки байни Тоҷикистону Қирғизистон 602,5 км-и он мушаххас шуд.

Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Меҳриддин моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сароҳат гуфт, ки 211 ҳазор гектари замини Тоҷикистонро Қирғизистон ғайриқонунӣ ғасб кардааст. Ва ин нуктаро низ Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва таҳлилгари масоили сиёсии тоҷик дар як матлаб муфассал ёдовар шуда буд.

Пас аз ҳар давраи музокироти марзӣ байни ин ду кишвар, Тоҷикистон на ба расонаҳои давлатӣ ва на ба ғайридавлатӣ аз ҷузъиёти мулоқоти ҷонибҳо чизе намегӯяд ва онро аз мардум мепӯшонад. Аммо ҷониби Қирғизистон дар ин масъалаҳо нисбатан шаффоф буда, мақомоти он кишвар пайваста дар бораи бурду бохтҳои худ дар ин хусус бо мардуми қирғиз суҳбат мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.