Таҳдиди ихроҷ ба писари узви аршади ҲНИТ дар Олмон

Ба Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шамсиддини Саид ихроҷ аз Олмон таҳдид мекунад.

Дар ин бора Маҳмудҷони Файзраҳмон, масъули бахши равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон дар саҳифаи твиттериаш хабар дода, мегӯяд, ки дар ҳоли ихроҷи ин фарзанди узви аршади ҲНИТ ба Тоҷикистон ӯро сарнавишти Шовализода интизор аст, ки номбурда ду соли пеш аз Утриш ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифта, ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Масъули равобити хориҷии ПМТ дар суҳбат бо Azda tv зимни таъйиди ин хабар гуфт: “Абдуллоҳи Шамсиддин, ки худро ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ ба кишвари Олмон супорида буд, ӯро хатари ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад. Ва мутаассифона, он сарнавиште, ки Шовализода аз Австрия ихроҷ шуда буд, тақрибан ҳамон вазъиятро дорем мебинем.

Ӯ дар идома ҳамчунин афзуд: “Айни ҳол созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар ҳама якҷо барои манъи ихроҷи ӯ аз олмон ба Тоҷикистон кӯшиш доранд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз созмонҳои байналмлалии ҳуқуқи башар ва ҳомиёни ҳуқуқ, ба монанди Edward Lemon ва дигарон хоҳонии ихроҷ нашудани Абдуллоҳи Шамсиддин шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабиб Нурмагомедов: Ба далели ҳимоят аз Фаластин сарпарастонро аз даст додем

Ҳабиб Нурмагомедов мегӯяд, ба сабаби ҳимоят аз Фаластин ва...

Кушта шудани як зодаи Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина

Дар ҳамлаи паҳподии шаби 9-ум ба 10-уми август ба шаҳри Нижнекамски Ҷумҳурии Тотористони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Додгоҳи Сурия Башор Асадро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноятии Сурия собиқ президенти ин кишвар Башор Асадро ғоибона ба ҷазои қатл маҳкум кард.

Низоми нав: Агар муҳоҷир андозро напардохт накунад, патенташ автоматӣ бекор мешавад

Дар Русия низоми нави ба таври худкор беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард.