Дидори вазирони мудофиаи Тоҷикистону Беларус

Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати баландпоя бо сафари корӣ ба шаҳри Минск, пойтахти Беларус сафак кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон 3-уми январи соли 2023 ба шаҳри Минск, пойтахти Беларус сафар кардааст, то дар бораи ҳамкорҳои соли ҷорӣ бо ҳамтои беларусиаш Виктор Хренин дидору гуфтугӯ кунад.

Валерий Ревенко, сардори департаменти байналмилалии ҳамкориҳои ҳарбии Беларус ва ёвари вазири мудофиаи ин кишвар дар саҳфаи Твиттриаш дар бораи сафари кории генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба шаҳри Минск хабар дод. Аммо ӯ нагуфта, ки вазири мудофиаи Тоҷикистон бо чӣ ҳадафе ба Баларус сафар кардааст.

Пеш аз ин АМИТ “Ховар” ба нақл аз сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дода буд, ки генерал-полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар ҷараёни вохӯриҳо бо ҳамтои белорусияш “нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Беларус бо вуҷуди ҳамкориҳои хуби дуҷониба доштан ҳамчунин дар доираи барномаҳои созмони Иттҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.