3.9 C
Dushanbe

Боздошти 10 нерӯи Ҷабҳаи муқовимат бо 40 ҳазор аслиҳа

Нерӯҳои амнияти Толибон дар вилояти Бағлон мегӯянд, дар натиҷаи як амалиёт 10 нафар аз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки қасди фирор ба Тоҷикистонро доштанд, боздошт кардаанд.

Хабагузории давлатии Афғонистон “Бохтар” дар саҳфаи Твиттриаш хабар додааст, нерӯҳои амнияти Толибон дар вилояти Бағлон 10 нафар аз нерӯҳои ҶММ-ро бо шумули як фармондеҳ боздошт кардаанд.

Ба қавли манбаъ, ин афрод мехостанд 4-уми январи соли 2023 аз тариқи вулусволии Хусти вилояти Бағлон ба самти Тоҷикистон фирор кунанд, вале дар ҳудуди ин вилоят бо 40 ҳазор силоҳ боздошт шудаанд.

То замони таҳияи ин хабар ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон дар бораи ин хабар вокуниш нишон надоданд. Инчунин дар ин хабар гуфта нашудааст, ки ин афрод мехостанд ин миқдор силоҳро бо худ ба Тоҷикистон интиқол диҳанд ва ё дар ҷои дигаре пинҳон кунанд.

Гуфта мешавад, Толибон тамоми нерӯҳои муқовимате, ки алайҳи ин гурӯҳ ба муборизаҳои мусаллаҳона бархостаанд, “нерӯҳои шӯришгар” меномад ва аз замони сари қудрат омадани худ дар 15-уми авугусти 2021 то кунун  дар сангарҳои мухталиф бо онҳо ҷанг мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муноқишаи гурӯҳии хонандагони ду мактаб дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе миёни хонандагони ду муассисаи таълимӣ занозанӣ рух додааст.

Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба СММ шикоят бурдааст

Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзҳои оянда ҳаво якбора сард мешавад.

Дар Русия навраси тоҷик бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд

Як навраси 17-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми савганд ёд кардан барои шомил шудан ба гурӯҳи ДИИШ дар Маскав боздошт ва барои панҷ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.