5-уми август яке аз чеҳраҳои ҷавон ва пуркори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Абдуқаҳҳори Давлат 46-сола шуд. Ӯ 5-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ (Собиқ Колхозобод) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Абдуқаҳҳори Давлат дар айни расидан ба синни камолот ҳамроҳ бо даҳҳо ҷавони донишманду миллатдӯст дар санаи 16-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон дастгир ва майи соли 2016 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муддати 28 сол равонаи зиндон шуд. Вай инак 6-умин ҷашни зодрӯзашро паси милаҳои зиндони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон гузаронид.
Ӯро ҳамкоронаш марде ростқавл, пухтакор, донишманд ва яке аз раҳбарони ҷавоне мешинохтанд, ки ба қавли раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ натанҳо сазовори раҳбари ин ҳизб аст, балки лаёқати президентии Тоҷикистонро низ дорад.
Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд: Абдуқаҳори Давлат аз ҷавонтарин сардабирони ҳафтавори “Наҷот” ва баъдан масъули равобити байналмилалии ҲНИТ буд. Ба хотитири он ки ӯ фикру андеша ва назари хосси худро дошт, бо боварии комил раҳбарияти ҲНИТ ин масъулиятҳои хело муҳимро ба ӯ вогузор карда буданд. Ӯ як дипломати сатҳи олӣ натанҳо дар ҳизб, балки дар миқёси ҷумҳурӣ буд. Вай тавониста буд дар як муддати кӯтоҳ бо доштани равобити ҳасана корҳоеро анҷом диҳад, ки байни ҲНИТ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон равобити хубе барқарор шавад.
Муҳаммадсаид Ризоӣ узви Раёсати олии ҲНИТ дар бораи Абдуқаҳҳори Давлат афзуд, ӯ дар тасмимгрӣ шуҷоъ буд ва аз нигоҳи илмӣ мустақил ва дидгоҳҳои хосси худро дошт. Донандаи хуби забони арабӣ буд, чанд матлабҳои Устод Нуриро ба арабӣ ва чанд китоби арабиро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ӯ як рӯзноманигори касбӣ ва соҳибандеша буд. Мутассифона ҷавонмардӣ ва софдилии ӯ ва бовараш ба қонун сабаб шуд, ки ба доми ғаддорони замон биафтад.
Азимҷони Ваҳоб, узви Раёсати олӣ ва собиқ раиси Дастгоҳи ҲНИТ, ки Абдуқаҳҳор дар вақтҳои сахтӣ беҳтар шинохтааст, ӯро ин тавр васф мекунад: Вақтҳои охир вақте фишорҳо болои ҳизб зиёд шуд, баъзе бародарҳо воқеан дар фикри он буданд, ки ба хотири ҳифзи ҷонашон аз кишвар хориҷ шаванд. Вале Абдуқаҳори Давлат мегуфт, ки ман аз он касоне ҳастам, ки аз кишвар берун нахоҳам рафт ва суол ҳам гузошт, ки ба хотири чӣ мо аз кишвар хориҷ шавем? Оё мо ягон ҷиноят кардем? Ё қонуншиканӣ кардем? Мо то ҳоло ҳеч фаъолияти ғайриқонунӣ надоштем ва дар чорчӯби қонунҳои Тоҷикистон фаъолият кардем.
Ба назари Азимҷони Ваҳҳоб, Абдуқаҳори Давлат чун медонист, ки ҲНИТ дар чорчӯби қонун фаъолият кардааст, ба ин далел аз кишвар хориҷ шудани аъзоёни ҳизбро қабул надошт.. Вай мегуфт: “Мо агар зиндонӣ ҳам шавем, ба обрӯву ҳайсият ва ҷойгоҳи мо зарба нахоҳад зад, чун ки мо ба хотири мубориза, ба хотири ҳамроҳи миллат будан, ба хотири хидмат ба мардум ба зиндон меравем, на ба хотири кадом ҷинояте.”
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Давлатов Абдукахор Абдукаримович 5 августи соли 1975 деҳаи Панҷсолаи дуюми ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Таҳсилот:
Абдуқаҳҳори Давлат дар солҳои 1982-1992 мактаби миёнаи рақами 7-и зодгоҳашро хатм карда, сипас дар солҳои 1992-1993 таҳсилоти худро дар Техникуми савдои шаҳри Душанбе идома медиҳад.
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ бо хонавода ва садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Афғонистон ҳиҷрат карда, сипас барои таҳсил ба Покистон сафар кардааст. Солҳои 1994-1997 дар шаҳри Пешовари Покистон Донишкадаи омодасозии омӯзгорон ба номи Имом Абуҳанифа (р)-ро бо забони арабӣ хатм кардааст.
Абдуқаҳҳори Давлат пас аз баргашт ба Тоҷикистон дар соли 1998 дар бахши ғоибонаи Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 2004 ин факултаро ба анҷом расонид.
Ҳамзамон тайи солҳои 2005-2009 дар факултаи Иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳсил кард.
ФАЪОЛИЯТ:
- 1996-1997 муҳаррири масъули маҷаллаи «Ҷайҳун» (бо забони арабӣ).
- 1998-2000 ёвари директори Хабаргузории илмию таҳлилии «Мизон».
- 2001-2002 сармутахассиси Маркази матбуоти Вазорати саноати ҶТ.
- 2003-2004 ёвари директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Тоҷиктекстил».
- Аз соли 2004 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот»-и ҲНИТ ва аз соли 2008 раиси шӯъбаи табъу нашри ҲНИТ.
ҲАМЗАМОН: - 1999-2000 котиби Дастгоҳи иҷроияи ҲНИТ.
- 2001-2004 муовини раиси шӯъбаи кадр ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ.
- Аз соли 2007 то замони боздошт дар соли 16-09-2015 директори Маркази иттилоотиву таҳлилии «Пресс-панорама» бар уҳда дошт.
Абдуқаҳҳори Давлат дар баробари хуб донистани забони модариаш донанда ва мутарҷими хуби забонҳои арабӣ, русӣ ва англисӣ низ ҳаст. Вай оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад.