16.9 C
Dushanbe

Абдусалом Одиназода ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Австралия Абдусалом Одиназода, олими биохимики 54-солаи тоҷикро бо гуноҳи “таблиғи терроризм тавассути шабакаи YouTube” ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои расонаҳои австролиёӣ Одиназода, ки аз моҳи декабри соли 2020 дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад, мумкин аст дар авоили моҳи августи соли оянда шартан озод шавад.

Маълум нест, ки дар ҷаласаи охирини додгоҳ Одиназода чӣ гуфааст, вале дар матлаби сомонаи www.abc.net.au омадааст, ки ӯ ба додрас шикоят кардааст, ки дар дохили зиндон бо ҳолатҳои табъйизу таҳдиди ҷонибдорони ақидаҳои бартарияти нажодӣ рӯбарӯ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдусалом Одиназода 1-уми августи соли 2022 дар додгоҳи ҳавзаи Австралияи Ғарбӣ иттиҳоми “ташвиқ ба ҳамлаҳои террористӣ”-ро эътироф карда буд.

Он замон сомонаи маҳаллии “The West Australian” ӯро “яке аз хатарноктарин одамон дар аёлати Австралияи Ғарбӣ” номида ва хабар дода буд, ки дар ивази ин эътирофи гуноҳ ҳайати тафтишот ду иттиҳоми дигари марбут ба терроризмро аз парвандаи Одиназода бардоштанд ва ба ӯ то 6 соли зиндон таҳдид мекард.

Абдусалом Одиназода 22 декабри соли 2020 пас аз тафтишоти чандмоҳа аз ҷониби полиси федеролии Австралия (AFP) ва Созмони иктишофи амнияти Австралия (ASIO) боздошт шуд.

Худи ҳамон сол расонаҳои австралияӣ хабар дода буданд, ки додгоҳи ин кишвар бар зидди Одиназода бо 4 моддаи ҷиноии “таблиғи терроризм” айб эълон кардааст.

Одиназода дар асл зодаи ҷамоати Сурхи Исфараи Тоҷикистон буда, дар Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ кор кардааст. Ӯ ҳамчунин соли 2015 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон низ ба шогирдон дарс гуфтааст.

Ӯ аз донишмандони муваффақи соҳаи биохимик буда, дар ин ришта таҳқиқоти зиёде дорад, ки дар чандин сомонаҳои расмӣ ва маҷаллаҳои муътабар ба нашр расидаанд.

Ин донишманди тоҷик то рӯзи боздошташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва ҳамеша аз амалкарди ҳукумат ва мухолифон интиқод мекард. Ӯ вақтҳои охир бо пайравони мазҳаби Исмоилия баҳсҳои гармеро оғоз карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.