28.9 C
Dushanbe

Қадри говҳои Оила аз одамон болотар аст?

Ҷамъе аз сокинони ноҳияи Ёвон бо ирсоли аксу наворҳое мегӯянд, мақомот қадри говҳо дар фермаи яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз мардуми деҳоти атрофи он болотар медонанд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Azda tv гуфтанд, дар давоми беш аз ду соли ахир худи сокинони деҳоти Обимукӣ, Анористон ва чанд деҳаи дигар дар ин ҷамоат ва бахусус аз муҳоҷирон ба сахтӣ наздики 200 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ карданд, то нахуст бунгоҳи тиббӣ ва бахше аз мактаби ин деҳаро таъмир кунанд, вале мақомот он пулро аз дасташон гирифтааст.

Манобеи Azda tv мегӯянд, раҳбарияти ноҳия аз аҳволи ин бунгоҳи тиббӣ ва мактаби деҳаи Обимукӣ ба хубӣ огоҳӣ доранд. Борҳо барои таъмири мактаб ва бунгоҳи тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд, вале ба муроҷиатҳои онҳо то ҳол расидагӣ нашудааст. Ҳафтаи пеш худи раиси ноҳия ба ин деҳа рафта буд, вале на аз мактаб дидан карду на аз бунгоҳи тиббӣ.

Ба гуфтаи сокинон, рафтани раиси ноҳия ба ин ҷамоат ду ҳадаф дошт: яке аз ҳисоби пули мардум ва ҳашари онҳо реклама кардани худ ва дувумӣ хушҳол кардани соҳиби фермаи говпарварӣ, ки дар деҳаи Анористон сохта шудааст.

Сокинон афзуданд, ки чанде пеш яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анористон барои нигаҳдории 2 ҳазор гов як ферма сохт. Аз роҳи асосӣ то деҳаи Анористон ҳудуди 3 километр роҳро ташкил медиҳад. Ин роҳ баъди сохтанаш дар солҳои 70-уми асри гузашта дар муддати 50 соли ахир таъмир нашуда буд.

Мақомоти ноҳия аз ҷамъоварии пули мардум барои таъмири мактаб ва бунгоҳи тиббӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ дар ин ҷамоъат хабардор шуданд. Масъулини ноҳия корҳои таъмири мактаб ва шароити бунгоҳи тиббиро сарфи назар карда, раисони ҷамоат, деҳаҳову маҳаллаҳоро водор карданд, ки пулҳои ҷамъшударо барои таъмиру аз навсозии роҳ бурда супоранд, то роҳи харобшуда ба ферма сохта шавад.

Аммо ҳафтаи гузашта дар телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш доданд, ки ин роҳ бо “заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ” ва “ғамхориҳои” Эмомалӣ Раҳмон нисбати сокинон сохта шудааст. Албатта, на аз ҳисоби коргарони идораи роҳсозӣ, балки бо талоши худи ҷавонони деҳаҳои мазкур.

Зикрулло Эшонқулов, раиси деҳаиАнористон дар суҳбат ба хабарнигори телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки роҳ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли кишвар ва аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми маҳал сохта шудааст.

Вале касе намегӯяд, ки чаро то бунёди ферма, ки аз наздикони раисҷумҳур аст, касе дар фикри ин роҳ набуд? Ва ҳамзамон ба чуз сокинон касе ҳам намедонад, ки беш аз 200 ҳазор сомонии ин роҳро, ки мардум бо хуни ҷигар барои сохтани мактабу бунгҳи тиббӣ ҷамъоварӣ намуда буданд, зӯран аз дасти онҳо гирифтаанд. Ва ҳоло сокинон мепурсанд, ки акнун чӣ кор кунанд ва мактабу бунгоҳи тиббии онҳо, ки умуман шароит надорад, кӣ ва кай сохта мешаванд?

Гуфта мешавад, ташкил кардани фермаи говпарварӣ як шакли тиҷорати хусусӣ буда, фоида ва зарарҳои он ба худи соҳибкор марбут мешавад, на ба сокинони деҳоти атрофи он. Аммо мактаб ва бунгоҳи тиббӣ моли ҳама сокинони деҳот аст. Агар сари вақт таъмир ва аз навсозӣ нашаванд, ҳар лаҳза метавонанд ҷони занону кӯдакони бемор ва мактабхонро зери хатар қарор диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.