Амрико барои пайдо кардани раҳбари ДИИШ $10 млн ҷоиза эълон кард
Вазорати хориҷаи Амрикон бо интишори иттилоияе хабар додааст, ки барои пайдо кардани маълумоти дақиқ дар бораи макони буду боши раҳбари ДИИШ дар Афғонистон то 10 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст. Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи ББС Ба гузориши ББС, “дар эъломияи Вазорати умури хориҷаи Амрико омадааст, ки ин ҷоиза барои радёбӣ ва дастгирии Саноуллоҳ Ғаффорӣ, ки […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Вазорати хориҷаи Амрикон бо интишори иттилоияе хабар додааст, ки барои пайдо кардани маълумоти дақиқ дар бораи макони буду боши раҳбари ДИИШ дар Афғонистон то 10 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.
Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи ББС
Ба гузориши ББС, “дар эъломияи Вазорати умури хориҷаи Амрико омадааст, ки ин ҷоиза барои радёбӣ ва дастгирии Саноуллоҳ Ғаффорӣ, ки бо номи Шаҳоб Алмуҳоҷир ҳам шинохта мешавад, таъин шудааст.”
Амрико Саноуллоҳ Ғаффориро дар ҳамлаи 26-уми августи соли 2021 ба фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул гумонбар медонад, ки дар он ҳамла 180 нафар, аз он ҷумла 13 сарбози амрикоӣ кушта шуд.
Амрико дар гузашта барои чанде аз раҳбарони Толибон, ба мисли СироҷиддинҲаққонӣ, фармондеҳи шабакаи Ҳаққонӣ ва феълан сарпарасти Вазорати умури дохилии Толибон дар Афғонистон низ 10 миллион ҷоиза эълон карда буд. Аммо дар ҳоли ҳозир озодона дар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон гашту гузор мекунад ва ҳатто дар ҳайати намояндагони Толибон ба Осло, пойтахти Норвегия сафар карда буд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.