27.9 C
Dushanbe

Амрико барои пайдо кардани раҳбари ДИИШ $10 млн ҷоиза эълон кард

Вазорати хориҷаи Амрикон бо интишори иттилоияе хабар додааст, ки барои пайдо кардани маълумоти дақиқ дар бораи макони буду боши раҳбари ДИИШ дар Афғонистон то 10 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.

Акс аз сомонаи ББС

Ба гузориши ББС, “дар эъломияи Вазорати умури хориҷаи Амрико омадааст, ки ин ҷоиза барои радёбӣ ва дастгирии Саноуллоҳ Ғаффорӣ, ки бо номи Шаҳоб Алмуҳоҷир ҳам шинохта мешавад, таъин шудааст.”

Амрико Саноуллоҳ Ғаффориро дар ҳамлаи 26-уми августи соли 2021 ба фурӯдгоҳи байналмилалии Кобул гумонбар медонад, ки дар он ҳамла 180 нафар, аз он ҷумла 13 сарбози амрикоӣ кушта шуд.

Амрико дар гузашта барои чанде аз раҳбарони Толибон, ба мисли Сироҷиддин Ҳаққонӣ, фармондеҳи шабакаи Ҳаққонӣ ва феълан сарпарасти Вазорати умури дохилии Толибон дар Афғонистон низ 10 миллион ҷоиза эълон карда буд. Аммо дар ҳоли ҳозир озодона дар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон гашту гузор мекунад ва ҳатто дар ҳайати намояндагони Толибон ба Осло, пойтахти Норвегия сафар карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.