Хабар УМУМӢ

Афғонистон: Зиёда 130 кушта ва захмӣ дар Соланг

Бар асари як оташ гирифтани як мошини нафткаш дар нақби Соланги Афғонистон наздик ба 70 нафар кушта ва захмӣ шудааст. Акс: ИнтернетАкс аз рӯзномаи 8 Субҳ Акс аз манбаъҳои боз Гуфта мешавад, ин ҳодисаи оташсӯзӣ дар як мошини нафткаше, ки ҳомили бензин буд, бегоҳи шанбеи 17-уми декбари соли ҷорӣ, тақрибан соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ […]

Бар асари як оташ гирифтани як мошини нафткаш дар нақби Соланги Афғонистон наздик ба 70 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Акс: Интернет
Акс аз рӯзномаи 8 Субҳ

Акс аз манбаъҳои боз

Гуфта мешавад, ин ҳодисаи оташсӯзӣ дар як мошини нафткаше, ки ҳомили бензин буд, бегоҳи шанбеи 17-уми декбари соли ҷорӣ, тақрибан соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ сар зад ва то субҳи якшанбе идома дошт.

Вазорати фавоиди оммаи Афғонистон ҳам эълон кардааст, ки оташсӯзӣ маҳор шудааст ва масъулин дар ҳоли бартараф кардани монеаҳои ба ҷо монда аз ин ҳодиса мебошанд, ба ин хотир рафту омади мошинҳо тариқи ин нақб, ки шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бо Шимол ва Шимолу Шарқи ин кишвар валс мекунад, муваққтан банд аст.

Бар иловаи шаҳрвандони Афғонистон ва бозаргонони он, ки аксари онҳо ҳамагуна молу колоҳои тиҷоратӣ ва транзитии худро аз самти Ҷануби пойтахт ба самти Шимол ва Шимолу Шарқи Афғонистон ва сипас ба Тоҷикистону Узбекистон аз ҳамин тариқ интиқол медиҳанд, тоҷирони тоҷикистонӣ низ тамоми мол ва колоҳои тиҷоратӣ ва транзитии худро то ба Покистон ва ё аз Покистон то ба Тоҷикистон ҳам аз ҳамин роҳ мегузаранд.

Мавзӯъҳои марбут