13.9 C
Dushanbe

Афсонаи “Бузак” боз такрор шуд

Эмомалӣ Раҳмон боз ваъда дод, ки соли 2027 маҳдудияти барқро аз байн мебарад ва мардум “лимит”-ро фаромӯш мекунанд.

16-уми декабри соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумон, сабаби маҳдудияти интиқоли барқ дар кишварро мисли дигар мақомдорон ва ҷонибдоронаш ба зиёд шудани аҳолӣ, ба кор даромадани корхонаҳои зиёд ва кам шудани воридшавии об ба обанбори “Норак” рабт дод.

Дар идома ӯ гуфт, ки “шароити мардумро бахубӣ медонем” ва таъкид кард, ки ин охирин зимистони душвор аст ва аз зимистонҳои баъдӣ вазъ беҳтар мешавад.

“Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад”- муроҷиат кард Раҳмон ба мардум.

Ҳамчунин ӯ гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва илова бар ин, то соли 2027 Тоҷикистон ният дорад вобастагии худро аз манбаъҳои анъанавии энергия ба таври назаррас коҳиш диҳад ва ба рушди энергетикаи офтобӣ такя кунад. Аз ҷумла, истеҳсоли то 1500 киловатт неруи барқи офтобӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба иддаои раисҷумҳур, кишвар баъди ин ба истиқлоли энергетикӣ мерасад ва ваъда дод, ки “дигар қатъи барқро фаромӯш мекунем”.

Пештар дар соли 2024 низ Раҳмон дар нишасте гуфта буд, ки дар соли 2027 ба истиқлоли энергетикӣ мерасад, аммо коршиносон ва аксар сокинони кишвар ба гуфтаҳои ӯ шубҳа доранд. Чун вақте ки чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” соли 2018 ба истифода дода шуд, Раҳмон шодиёна гирифта буд, ки “дигар лимит ба афсона табдил шуд”.

Аммо масъулони “Барқи тоҷик” дар моҳи июли соли 2024 гуфтанд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки “Роғун” дар маҷмуъ 6 чарха дорад ва чархаи охирини он соли 2029 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаваду анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.

Чанде аз сокинони кишвар ҳам дар суҳбат бо Azda.tv гуфтанд, ки метарсанд соли баъд вазъи лимити барқ дар кишвар аз будааш ҳам бадтар шавад, чун ҳамеша баъд аз суҳбатҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди бардоштани “лимит”-и барқ реҷаи интиқоли барқ ба сокинон шадидтар мешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ мардум дар баъзе аз минтақаҳои кишвар дар 24 соат камтар аз 2 соат барқ доранд.

Ҳамзамон Раҳмонов дар паёми имрӯзааш ба парлумон дар мавзуи баҳсбарангез ва шубаҳаовари беш аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздор будани аҳолӣ аз истифодаи барқ низ гуфт. Ӯ баръакс, худи кормандони идораи барқро дар нодуруст аз истифодаи барқ қарздор кардани мардум гунаҳкор кард.

Раҳмонов гуфт, “Барқи тоҷик” гузориш медод, ки гӯё мардум 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд, вале баъди ҷорӣ шудани низоми биллинги маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд.

“Кор дар дигар тараф аст. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти барқ ба таври сунъӣ ба уҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд. Пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва он маблағро сӯистифода карда, ба таври сунъӣ талафоти барқро ба аҳолӣ ва мошинҳои обкаш бор мекарданд, яъне қарздор мекарданд”,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Аммо бо вуҷуди равшанӣ андохтан ба ин масъала, Раҳмонов нагуфт, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд ва онҳое, ки гунаҳкоранд, чӣ мешавад?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.