30.9 C
Dushanbe

Афви Бузургмеҳр Ёров

Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” 4 сол аз ҳукми иҷрои ҷазои Бузургмеҳр Ёров, адвокати шинохтаи кишвар кам карда шуд.

17-уми октябри соли 2021 яке аз пайвандони Бузургмеҳр Ёров ба Аздо ТВ хабар дод, ва гуфт, ки ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” 4 сол аз муҳлати иҷрои ҷазои Бузургмеҳр Ёров дар зиндон кам карда шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, хабари камшудани 4 сол аз муҳлати иҷрои ҷазои дар маҳбасро ба худи Бузургмеҳр Ёров рӯзи чаҳоршанбе 13-уми октябр расонидаанд, вале аз сабаби қатъ будани телефонҳои зиндон ё дастраси надоштан ба берун ин хабар бо чанд рӯзи таъхир ба пайвандонаш расидааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи зиндонии тоҷик, соли 2015 баъд аз ин, ки парвандаи ҳимоят аз  раҳбарони боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба дӯш гирифта буд, бо иттиҳомоти сохта боздошт ва сипас барои 28 сол равонаи зиндон гашт.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров замоне боздошт шуд, ки вакли мудофеъи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва собик вакили парлумон буд. Вай баъд аз дидор бо Ҳусайнӣ-зерҳимояи худ ба расонаҳо гуфта буд, ки мақомот дар боздоштгоҳ бар ивази барҳам додани ҲНИТ ба Саидумар Ҳусайни пешниҳоди мансаб кардаанд, вале зерҳияи ӯ ин пешниҳоди мақомотро рад кардааст. Баъд аз он мақомо дар сари Ҳусайнӣ халта кашида вайро башиддат лату кӯб кардаанд.

Мақомот Бузургмеҳр Ёров нахуст боздошт ва дафтари корияшро бозҷӯи карда, аснод ва мадорикро бо худ бурданд.

Бузургмеҳр Ёров барои 28 сол зиндонӣ шуда аст, тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” соли 2019 низ 6 сол аз муҳлати иҷрои ҷазои ӯ дар зиндон кам гардида буд, ва дар умум дар ин марҳила 10 аз иҷрои ҷазои ӯ кам карда шуда, 12 соли дигар аз муҳлати  ҳабсаш боқӣ мемонад.

Соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид баъд аз баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва дигар раҳбарони ҲНИТ-ро боздошти ӯро худсарона эълом карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки бидуни қайду шарт фавран ӯро  озод кунад, вале то имрӯз ҳукумати Эмомали Раҳмон ҳеч дархости ин кумитаи СММ-ро иҷро накарда ва ба таъаҳудоти байналмиллалии худ амал пойбанд набудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Раҳбарони сатҳи олии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масълаҳои ҳамкории дуҷонибаи худро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъд аз боздошту латтукӯби муҳоҷирон Лавров ба Тоҷикистон меравад

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо як сафари кории ду рӯза озими Тоҷикистон мешавад.

Додгоҳ эътироф кард, ки Розиқов бо шиканҷа кушта шудааст

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб эътироф карда, ки Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола,...

Дар Қирғизистон аз як кӯдето пешгирӣ шудаст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 5-уми июн аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ба гуфти ин ниҳод, қасди кудето кардан дар ин кишварро доштаанд.