36.9 C
Dushanbe

Афзоиши 50% сайёҳони Тоҷикистон ба Гурҷистон

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки теъдоди сайёҳони Тоҷикистон ба Гурҷистон наздик ба 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “Озарнюс, Гурҷистон дар моҳи июли соли 2022 мизбони шумори зиёде аз сайёҳон ва аз он ҷумла гардишгарони Тоҷикистон будааст.

Ба қавли манбаъ, дар моҳи июли соли ҷорӣ теъдоди сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон ба Гурҷистон сафар кардаанд, 522 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2021 (350 нафар) 49,1 дарсад зиёд мебошад.

Дар баробари афзоиши сайёҳони Тоҷикистон шумори зиёде аз сайёҳони Русия ҳам Гурҷистонро мақсади гардишгариҳои худ интихоб карда, дар моҳи июли соли ҷорӣ зиёда аз 155 ҳазор нафар аз сайёҳони Русия ба Гурҷистон сафар кардааст.

Гуфтанист, соҳаи сайёҳӣ пас аз поёни қарантинаҳои сартосарӣ дар аксари кишварҳои дунё дубора аз нав рушд карда, тибқи маълумоти расмӣ Тоҷикистон ҳам дар тобистони соли ҷорӣ мизбони даҳҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла гардишгарони собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва бахусус Русия будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.