17.9 C
Dushanbe

Афзоиши ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, Сурия ва Яман

Хабаргузории исроилии “Wolla News” ба нақл аз мақомоти ин кишвар хабар дод, ки артиши Исроил дар ҳоли омода шудан барои оғози ҳамлаи заминӣ ба Лубнон аст.

Дар ҳамин ҳол наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, ки дида мешавад тонкҳо ва мошинҳои низомии зиёде дар як нуқта ҷамъ оварда шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо тонкҳои артиши Исроил ҳастанд ва барои ҳамлаи заминӣ ба Лубнон омода мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Исроил, Исроил Катз низ рӯзи душанбе ба ҳамтоёнаш ба 25 кишвар нома фиристода ва таъкид кардааст, ки кишвараш бо Лубнон оташбас карданӣ нест, магар дар сурате, ки нерӯҳои “Ҳизбуллоҳ” аз дарёи Литонӣ дур шаванд ва тарки силоҳ кунанд. Чизе, ки ба назари коршиносон нашуданӣ аст.

Мақомоти Исроил иддао мекунанд, ки барои баргардонидани шаҳрвандони оварааш бояд вориди хоки Лубнон шавад, то ҳамлаҳои эҳтимолиро дар оянда дур кунад.

Исроил аз рӯзи 18-уми сентябр ҳамлаҳои шадиди худро ба Лубнон оғоз кард, ки то кунун беш аз 2 ҳазор нафар кушта шуда ва ҳазорон нафари дигар захмӣ шудааст. Аз ҷумла, рӯзи ҷумъа дар пайи бомборони шадиди артиши Исроил ба маркази фармондеҳии “Ҳизбуллоҳ” дар ҷануби Бейрути Лубнон раҳбари ин гурӯҳ Ҳасан Насруллоҳ бо чанде аз ҳамроҳон кушта шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Исроил танҳо барои аз байн бурдани раҳбари “Ҳизбуллоҳ” 85 тонна бомба истифода кардааст.

Марк Келли, раиси Кумитаи фаръии умури ҳавоӣ дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар мусоҳибае бо хабаргузории “NBC” гуфт, бомбе, ки Исроил рӯзи ҷумъаи гузашта барои куштани Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари “Ҳизбуллоҳ” истифода кард, “бомби ҳидоятшаванда ва сохти Амрикост”. Ӯ дар ин мусоҳиба мегӯяд, “Исроил аз бомбҳои навъи М84 900 кг барои анҷоми ин амалиёт истифода кардааст.”

Ин сенатори амрикоӣ мегӯяд, Амрико ба кумакҳои худ аз ин навъи силоҳ ба Исроил идома хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки аввалин изҳороти расмӣ аз сӯи мақомҳои амрикоӣ дар бораи навъи силоҳи истифода шуда дар ин ҳамла мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил то кунун дар Лубнон идома дорад. Гуфта мешавад, рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр дар пайи ин ҳамлаҳо 105 нафар кушта шуданд, ки 14 нафарашон кадрҳои тиббӣ буданд ва 359 нафари дигар захмӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои лубнонӣ менависанд, ки Исроил субҳи рӯзи Душанбе ба як пойгоҳи низомии Сурия дар Ҷавлон, наздик ба марзи Лубнон ҳамла кард, ки дар натиҷа 5 сарбози Сурия кушта шуданд.

Исроил пас аз ҳамла ба ин пойгоҳи низомӣ иддао карда, ки чанде аз зерсохторҳоеро, ки дар интиқоли силоҳҳо ба “Ҳизбуллоҳ” истифода мешуданд, бомборон кардааст.

Ҳамчунин субҳи имрӯз вазири дифои Исроил гуфт, ки иҷозат намедиҳанд, ки аз фурӯдгоҳҳои ғайринизомии Лубнон бо мақсади низомӣ истифода шавад. Ӯ иддао дорад, ки Эрон барои интиқоли кумакҳои низомӣ ба “Ҳизбуллоҳ” аз фурӯдгоҳҳои ғайринизомӣ истифода карданист.

Ҳамчунин мақомоти Исроил хабар доданд, ки рӯзи якшанбе ба ду бандар ва чанд неругоҳи барқӣ дар Ҳудайдаи Яман ҳамла кардааст. Шибҳи низомиёни Ҳусии Яман имрӯз эълон карданд, ки ҳамлаҳои Исроил ба Ҳудайда 5 кушта ва 44 захмӣ баҷо гузошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.