6.9 C
Dushanbe

Афзоиши босуръати гирифторӣ ба короновирус дар Амрико

Тибқи охирин гузориши расмии “World Meter” – сомонае, ки пайгири омори коронавирус аст, то имрӯз дар саросари ҷаҳон адади гирифторшудагон ба COVID-19 ба 48 милиону 700 ҳазор нафар расидааст.

Имрӯзҳо Амрико, ки шоҳиди маъракаи интихоботӣ асту рақобат миёни демократҳову ҷумҳурихоҳон тезу тунд гаштааст, шумораи сироятёфтагон ба ин вабо низ дар ҳоли афзоиш аст.

Мувофиқи сомонаи зикргардида то кунун дар Амрико дасти кам 9 милиону 816 ҳазору 927 нафар мубталои ин маризӣ гардидаанд. Аз миёни онҳо бар асари ин беморӣ 239 ҳазору 988 нафарашон вафот ёфтаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба хусус давлатҳои Аврупо чораҳои пешгирӣ аз ин бемориро аз сар гирифта истодаанд. Ба гуфтаи Созмони байналмилалии беҳдошт ва баъзе мутахассисони соҳаи тиб, ҷаҳон дар арафаи мавҷи босуръати дуюми коронавирус қарор дорад.

Аммо омори гирифторон дар Тоҷикистон низ кам нест. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 11180 нафар расидааст ва бар асари ин беморӣ 83 нафар фавтидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои зиддиҷиноятиро роҳандозӣ карданд.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод.