Афзоиши фишорҳо болои хонаводаи раиси нави НИТ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон фишорро болои хонаводаи Исломҷон Саидов, раиси тозаинтихоби Наҳзати исломии Тоҷикистон бештар кардаанд.

Баъд аз интихоб шудани Исломҷон Саидов ҳамчун раҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон, мақомоти амниятӣ дар ноҳияи Нуробод наздиконашро бозпурсӣ кардаанд. Рӯзи сешанбе Саидов дар тамос ба Azda TV гуфт, дар миёни наздиконаш, ки мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтаанд, падару модари солхӯрдааш, ки беш аз 70 сол умр доранд, низ ҳастанд.

Ба гуфтаи Саидов мақомот бародарон ва ҳатто занони бародаронашро низ барои бозпурсӣ ба мақомоти амниятии Нуробод даъват кардаанд.

Саидов ҳамчунин гуфт, ки наздиконаш ҳоло таҳти фишори рӯҳӣ ва равонӣ қарор доранд. Ӯ мегӯяд, хонаводааш бо фаъолияти сиёсии ӯ иртиботе надоранд ва аз кори ӯ огоҳ нестанд.

Ба гуфтаи раҳбари нави НИТ, ӯ бо хонаводааш иртиботи мустақим надорад ва маълумот дар бораи бозпурсии онҳо ба воситаи дигарон ба ӯ мерасад. Аз ин рӯ, ҷузъиёти суҳбатҳои мақомоти амниятӣ бо наздиконаш барои ӯ маълум нест.

Саидов бар ин назар аст, ки даъвати пайвандонаш ба мақомот метавонад ба интихоби ӯ ба раҳбарии НИТ рабт дошта бошад. Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, агар нисбат ба фаъолияти сиёсии ӯ саволе доранд, мустақиман бо худи ӯ суҳбат кунанд, на бо наздиконаш.

Раҳбари нави НИТ ҳамчунин афзуд, ки аъзои хонаводааш “бо корҳои сиёсӣ иртибот надоранд” ва набояд ба хотири фаъолияти ӯ зери фишор қарор гиранд.

Тибқи маълумоти дастрас, рӯзҳои 22 ва 23-ми сентябр наздикони Саидов ба мақомоти амниятии ноҳияи Нуробод даъват шудаанд. Мақсади бозпурсӣ ва муҳтавои суҳбатҳо маълум нест.

Наҳзати исломии Тоҷикистон низ рӯзи 29-уми сентябр дар як изҳорот гуфт, ки падару модар, чор бародар ва занони хонаводаи Саидов ба мақомоти амниятӣ даъват шудаанд.

НИТ ин амалҳоро фишор ба наздикони раҳбараш барои таъсир расондан ба фаъолияти сиёсии ӯ арзёбӣ кардааст.

Паймони миллии Тоҷикистон низ рӯзи 30-уми сентябр аз даъватҳои пайдарпай ва фишори равонӣ ба наздикони Саидов хабар дода, аз мақомоти Тоҷикистон шарҳи расмӣ талаб кард.

То кунун мақомоти амниятии ноҳияи Нуробод ва дигар ниҳодҳои Тоҷикистон дар бораи сабаби даъвати наздикони Саидов шарҳи расмӣ нашр накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Исломҷон Саидови 48-сола рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Вилнюси Литва раҳбари нави Наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ ба ҷойи Муҳиддин Кабирӣ омад, ки тақрибан 20 сол раҳбарии ин созмонро бар уҳда дошт.

Мавридҳои бозпурсӣ ё фишор ба наздикони мухолифони тоҷик дар гузашта низ гузориш шудаанд. Human Rights Watch дар гузориши ахираш бори дигар аз боздошт ва бозпурсии даҳҳо нафар аз хешовандони мухолифони тоҷик хабар дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.