19.9 C
Dushanbe

Афзоиши мизони бекорӣ дар Русия

Шумори бекорон дар Русия дар июни соли ҷорӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳудуди 4,606 млн нафар ва ё  6,2% аҳолии қобили кори ин кишварро ташкил додааст.

ТАСС-хабаргузории Русия навиштааст, мизони бекорӣ дар Русия дар ҳашт соли ахир то ба ин ҳад боло нарафта буд. Чуноне дар маводҳои Идораи омори Русия омадааст дар муқоиса бо июни соли 2019 ин нишондод то 38,1%, афзоиш пайдо кардааст. Дар муассисаҳои давлатӣ хадамоти шуғли аҳолӣ ба ҳайси бекорон наздики 2,8 млн нафарро сабт аз ҷумла 2,6 млн нафар кӯмак барои бекорӣ дарёфт мекунад. Тибқи маълумоти ниҳоди омор шумораи аҳолии қобили кори Русия дар моҳи июн  74,7 млн нафар ва ё  51% аз шумори умуми аҳолии кишварро ташкил додааст.

Дар ин кишвар шумори зиёде аз шаҳрвандони осиёси марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон низ кор мекунанд. Бино ба иттилоъи расмии мақомоти русия адади муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ин кишвар бештар аз як миллиону дусадҳазорро ташкил медиҳад ки бино ба иттилоъи ғайр расмӣ ин адад мемтаовнад 2 милион бошад. Ин раванд метавонад ба онҳо низ таъсири манфии худро расонад.

Ҳоло бисёре аз муҳоҷирони меҳнатии дар Русия буда дар ин чанд моҳи ахир бо сабаби интишори вируси ҳамагири COVID-19 кору даромади худро аз даст додаанд ва баъзе ҳам мӯҳлати асноди будубошаш ба охир расида мехоҳанд ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даргирӣ ва қатли нозирони роҳ дар Доғистон

Дар як даргирии мусаллаҳона дар Доғистон чанд сокини маҳаллӣ 3 пулиси роҳро куштанд.

Вокуниши Толибон пас аз сафари Гадоев: Мо бо Тоҷикистон мушкиле надорем

Толибон иддао доранд, ки байни Афғонистон ва Тоҷикистон дар самти амниятӣ ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Аҳолии Ғазза дар се рӯз як ваъда хӯрок мехӯранд

Дар натиҷаи бастани гузаргоҳҳои марзӣ аз сӯи артиши Исроил ва пешгирӣ аз вуруди кумакҳои инсонӣ ба Ғазза, қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин борика ба сатҳи бисёр хатарнок расидааст.

Ҷавони тоҷик аз Австрия истирдод ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Тоҷикистон як сокини ноҳияи Шаҳритӯсро, ки аз Австрия истирдод шуда буд, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.