36.9 C
Dushanbe

Афзоиши нигарониҳои Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз афзоиши тарсу нигарониҳои худ хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, 29-уми майи соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон дар нишасти 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Президети Тоҷикистон дар ин суханронии худ таъкид кард, ки имрӯзҳо бо саҳмгузорӣ кардани давлат ва бархе “соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ” ва кумакҳои онҳо “барои марзбонон тамоми шароити мусоиди пеш бурдани хизмат, машқу таҳсил, зиндагӣ, истироҳат ва варзиш муҳайё мебошад.”

Хадамоти матбуоти Президент бо нашри гузорише гуфта, ки Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ таъкид кард, “дар вазъияти печидаи ҷаҳони имрӯза масъулияти ҳамаи сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, марзбонон даҳчанд меафзояд. Онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд ва омодагии худро ҳамеша дар сатҳи баланд нигоҳ доранд.”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, ки муддати беш аз се даҳсола дар раъси қудрати Тоҷикистон қарор дорад ва бо гузашти беш аз 30 сол то ҳол натавонистааст, ки мушкилоти рӯзмараи марзбонони кишвар, бахусус аскарону афсаронро бароварда кунад. Дар ин раванд, ба эътирофи худи ӯ, дар ҳоли ҳозир қисме аз мушкилоти зиндагӣ ва нигоҳубини онҳоро соҳибкорони ватанӣ ва бархе мушкилоти техникии онҳоро низ дар аксар маврид кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Чин бо таҷҳизоти куҳана ва қадимаи худ таъмин мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.