-4.1 C
Dushanbe

Афзоиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 49 ҳазор шаҳрванди кишвар худро расман дар рӯйхати бекорон сабти ном кардаанд.

Тавре аз Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар додаанд, ин миқдор аз шаҳрвнадони кишвар, ки дар рӯйхати бекорон сабт шудаанд, 1,8%-и аҳолии қобили корро ташкил медиҳанд. Инчунин аз ин вазоратхона гуфтаанд, ки ин рақам дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ сабт шудааст.

Ин ниҳод таъкид карда, ки дар соли равон муроҷиати шаҳрвандони дар ҷустуҷӯи корбуда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 112 ҳазору 515 нафарро ташкил дода, ки ин шумор нисбат ба соли гузашта 3,3 дарсад бештар мебошад.

Агарчи масъулони ин ниҳоди давлатӣ далели муроҷиати шаҳрвандонро “мусоидат дар таъмини шуғл, бозомӯзии касбӣ ва таҳсилот” арзёбӣ карда бошанд ҳам, дар зимн эътироф кардаанд, ки сатҳи бекорӣ дар кишвар сол ба сол рӯ ба афзоиш аст.

Тибқи як барномаи давлатӣ аз 2023 то соли 2027 бояд 355 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷои кор таъмин шаванд. Аз Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ бидуни ироаи омори расмӣ иддо кардаанд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аллакай 93 дарсади ин барнома иҷро шудааст.

Афзоиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Аммо ин омор дар ҳоле нашр мешавад, ки тай як соли ахир, бахусус пас аз ҳамлаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”, ки чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун муттаҳамони аслӣ боздошт шуданд, шумори зиёде аз муҳоиҷрони тоҷик аз Русия бидуни далелҳои воқеӣ ихроҷ шудаднд. Ва ин ихроҷи зиёди муҳоҷирон сафи бекоронро дар Тоҷикистон боз ҳам зиёд кардааст.

Ба назари бархе таҳлилгарон, мақомоти Тоҷикистон дар робита ба коҳиши бекорӣ чандон талош намекунад. Зеро дида мешавад, ки сол ба сол сафи онҳое, ки ба хотири як луқмаи нон пайдо кардан аз кишвар хориҷ мешаванд, меафзояд. Ва ҳечгоҳ мақомот ба таври ҷиддӣ нахостаанд пеши роҳи ин буҳронро бигиранд ва бекориро коҳиш диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.