30.9 C
Dushanbe

Афзоиши содироти сангҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон

Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон гуфтааст, дар 10 моҳи соли ҷорӣ содироти сангҳои қиматбаҳо 55 дарсад афзудааст.

Бино ба навиштаи сомонаи “Авасто”, дар Тоҷикитон тӯли даҳ моҳи сипаригардида ба маблағи як милиарду 200 милион доллар содирот шудааст, ки аз ин рақам 690 миллион доллар аз ҳисоби сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо ва металҳои қиматбаҳо мебошанд.

Гуфта мешавад, пас аз хуруҷи коронавирус содироти металҳои қиматбаҳо ба хориҷи кишвар зиёд гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 464 миллион доллар бештар будааст.

Ҳамчунин зикр гардида, ки бештари металҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба Шветсария ба маблағи беш аз 500 миллион доллар содир шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...