30.9 C
Dushanbe

Афзоиши талафоти ҷонии заминларзаи Афғонистон

Оморҳои охир аз Афғонистон ҳокӣ аз онанд, ки теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи шаби гузашта дар шарқи ин кишвар ҳудуди як  ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мавлавӣ Шарафуддин Муслим, муовини вазири умури дохилии ҳукумати Толибон дар умури ҳаводиси табиъӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, дар заминларзаи шаби гузашта дар чанд вилоят 920 нафар кушта ва 610 нафар захмӣ шудаанд.

Аммо пойгоҳи иттилоърасонии Лента дня дар Телеграм дар бораи теъдоди ҷонбохтагони ин ҳодиса дар Афғонистон гуфтааст, 1150 нафар кушта ва 810 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Пеш аз ин хабаргузории “Бохтар”-и Афғонистон бо нашри гузорише дар ин бора иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи заминларзаи шаби гузашта дар вилоятҳои Пактико ва Хуст беш аз 280 нафар кушта ва зиёда аз 600 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.”

Бар асоси маълумоти идораи зилзиласанҷии Амрико шиддати ин заминларза ба миқёси рихтер 6,1 балро ташкил дода, маркази он вилояти Хуст будааст. Таконҳои ин заминҷунбӣ дар минтақаҳои ҳамҷивор аз он ҷумла дар Кобул ва бархе ноҳияҳои наздисарҳадии Покистон низ эҳсос шудааст.

Гуфта мешавад, шаби гузашта дар шарқи Афғонистон заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд ва шиддати ин ҳодиса он қадр такондиҳанда буд, ки дар манотиқи ҳамҷивор дар хоки Афғонистон ва Покистон ҳам мардум онро эҳсос карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.